Намозатро аз сари нав гузор

Боре Пайғамбари Худо (с) масҷид омада дар гӯшаи нишаст. Саҳобагон дар гирди у (с) давра зада нишастанд. Дар ҳамин вақт марде вориди масҷид гардид ва ба намозхонй шурӯъ кард. Вай гумон надошт, ки Пайғамбар (с) ӯро наззора мекунад. Намозро ба таври худ анҷом дода, ба назди Пайғамбар (с) омад ва ба Ӯ салом дод. Пайғамбар (с) саломашро ҷавоб дод ва ба Ӯ гуфт: “Бирав ва намозатро аз сари нав гузор, ту онро то ба ҲОЛ нагузоштай”.

Он шаҳе рафта аз сари нав намозро адо кард. Боз Пайғамбар (с) ба Ӯ гуфт: “Бирав намозатро аз сари нав гузор, ту онро то ба ҲОЛ нагузоштай”. Ин амал се маротиба такрор гардид. Сипас он мард ба Пайғамбар (с) рӯй оварда гуфт:

“Қасам ба Худованде, ки туро ба пайғамбарй фиристодааст, ман дигар тарз хонда наметавонам. Маро биомӯз, ки намози дуруст чӣ гуна гузошта мешавад. Пайғамбар (с) ба омӯхтани ӯ шурӯъ намуда гуфт: “Барой хондани намоз рост истода, аввалан такбир гӯй. Сипас, аз Қуръон чанд ояте, ки хондани онхо бароят мушкилй намекунад, қироат кун. Баъд рукъӯро анҷом бидеҳ. Дар ин ҳолат як чанд лаҳза ором бигир. Се маротиба

“Субҳона Раббия-л-ъазим” бигуй. Баъдан саҷда намо. Дар ин холат низ як чанд лаҳза ором бигир. Се маротиба “Субҳона Раббия-Л- аъло”-гуфта бинишин. Дар холати нишастан низ чанд лаҳза карор бигир ва ҳамаи ракъатхои намозро ҳамин тарз анҷом бидеҳ.

(Бухорй, Азон, 95; Муслим, Салот, 45;

Тирмизй Салот, 110)

Комментарии