АЗОН

azon

  1.  «Аллоҳу Акбар» – «Худо Бузург аст» – 4 бор.
  2.  «Ашҳаду ан(л)ло илоҳа илло-л-Лоҳ» – «Шаҳодат меди-ҳам, ки нест ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Худо» – 2 бор.
  3.  «Ашҳаду анна Муҳаммадар Расулу-л-Лоҳ» – «Шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад пайғамбари Худост» – 2 бор.
  4.  «Ҳайя ала-с-салоҳ(т)» – «Ба намоз шитобед» – 2 бор.
  5.  «Ҳайя ала-л-фалоҳ» – «Ба накўкорӣ шитобед» – 2 бор.
  6.  «Аллоҳу Акбар» – «Худо Бузург аст» – 2 бор.
  7.  «Ло илоҳа илло-л-Лоҳ» – «Нест ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Худо» – 1 бор.

Дар намози бомдод баъди таъбири «Ҳайя ала-л-фалоҳ» ду бор «Ас-салоту хайрун(м) мина-н-навм» – «Намоз аз хоб беҳтар аст» гуфта мешавад.

Дар иқомат баъди таъбири «Ҳайя ала-л-фалоҳ» ду бор «Қад қомати-с-салот» – «Намоз барпо карда шуд» гуфта ме-шавад.

Иқомат нисбат ба азон тезтар хонда мешавад. Азон ба-рои он баланд ва ба дарозо кашида хонда мешавад, то ки тамоми мусулмонони атроф бишунаванд.

 Баъди азон дуо хонда мешавад «Аллоҳумма Рабба ҳо-зиҳи-д-даъвати-т-томмати ва-с-салоти-л-қоимати, оти сай-йидано Муҳаммадана-л-василата ва-л-фазилата ва-д-да-раҷата-р-рафиъата. Ва-бъасҳу мақоман маҳмудана-л-лазӣ ваъадтаҳу ва-рзуқно шафоатаҳу явма-л-қиёмати, иннака ло тухлифу меъод». (Бор Худоё, Парвардигори ин даъвати том ва намози барпошуда, ба ҷаноби мо Муҳаммад василат, фазилат ва дараҷаи баланд бидеҳ. Ўро дар бузургвортарин мақоме, ки ба ў ваъда кардаӣ, ҷой деҳ ва ба мо шафоаташ-ро дар рўзи қиёмат рўзӣ гардон, ба дурустӣ ки Ту ваъдаро хилоф накунӣ).

Комментарии