БОВАРӢ БА ФАРИШТАГОН

Сифатҳои махсуси фариштагон:

а) Фариштагон аз нури илоҳӣ офарида шудаанд. Онҳо гуноҳ намекунанд, ҷинс надоранд ва ба хўрдану ошомидан эҳтиёҷ надоранд.

б) Фариштаҳоро дидан номумкин аст.

в) Фариштагон соҳиби донишҳои ниҳонӣ нестанд. Онҳо танҳо ҳамон чизеро медонанд, ки Худои Таъоло ба онҳо ме-расонад.

farishta

Вазифаҳои фариштагон:

Вазифаи фариштагон ситоиш ва ҳамду санои Худо, иҷро намудани амрҳои Ўст.

Вазифаҳои чаҳор фариштаи олӣ, алайҳи-с-салом:

1 – Ҷабраил, алайҳи-с-салом – ваҳй ва Китобҳои Муқаддасро ба пайғамбарон мерасонад.

2 – Микоил, алайҳи-с-салом – ҳодисаҳои табиӣ, ба мисли борон, шамол ва ғ. идора мекунад.

3 – Исрофил, алайҳи-с-салом – сурро дамида дар бораи фаро расидани охири дунё хабар медиҳад.

4 – Азроил, алайҳи-с-салом – маргро оварда рўҳро меги-рад.

Вазифаҳои баъзе фариштагони дигар:

Кирома-л-котибин: Фариштагоне, ки ҳар як шахсро ҳам-роҳӣ мекунанд ва дар назди онҳо аз чапу рост меистанд, ҳама чизеро, ки инсон мегўяд ва мекунад, менависанд. Ҳамон фариштае, ки аз тарафи дасти рост аст, корҳи некро менависад, он ки аз чап – корҳои бадро. Китобҳо бо аъмоли сабтшуда дар рўзи Маҳшар ҳангоми Ҳисоб арз карда меша-ванд.

Мункар ва Накир: Онҳо моро дар қабр суол мекунанд.

Комментарии