БОВАРӢ БА ПАЙҒАМБАРОН 

Пайғамбарон: – онҳо баргузида аз байни одамонанд; онҳо расонандагони донишҳо ба ҳамаи одамон аз ҷониби Худои Таъолоанд.

Пайғамбаронро воҷиб аст, ки ҳатман дорои сифатҳои зе-рин бошанд:

1 – Сиддиқ: Пайғамбарон дар ниҳояти андоза одамони ростгўй ва бовиҷдон мебошанд.

2 – Амонат: Пайғамбарон дар ҳамаи муносибатҳо боа-монатанд.

3 – Таблиғ: Пайғамбарон дар ҳаҷми пурра васиятҳо ва қонунҳои аз ҷониби Худои Таъоло фиристодашударо ба ода-мон мерасонанд.

4 – Фатонат: Пайғамбарон дорои ақли равшан ва хиради пешрафта мебошанд.

5 – Исмат: Пайғамбарон гуноҳ накунанд.

Миқдори пайғамбарон:

Пайғамбари нахустин – Одам-пайғамбар, алайҳи-с-са-лом, пайғамбари охирин – Муҳаммад-пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, мебошанд. Дар байни онҳо пайғам-барони бисёр буданд. Ҳамаи пайғамбарон одамонро танҳо ба имон овардан ба Худои Якто ва танҳо ба Ўро парастидан даъват намудаанд. Одатан баъди рафтани пайғамбар ода-мон ба парстидани маъбудҳои дигар оғоз мекарданд, он вақт Худои Таъоло ба онҳо пайғамбари навро мефиристод.

Пайғамбароне, ки номи онҳо дар Қуръони карим ёд карда шудааст: Онҳо 25-тоанд.

payhambaron

МЎЪҶИЗА – маънои падидаи фавқулодда, каромотро до-рад. Онро пайғамбарон, алайҳиму-с-салом, бо иродат ва да-лолати қудрати Худои Таъоло барои тасдиқ намудани пай-ғамбарии худ нишон додаанд. Худи одамон бе мадади Худо ба нишон додани чунин корҳо қодир нестанд.

Комментарии