ДАР КАДОМ Ҳ0ЛАТҲО РӮЗА НАГИРИФТАН МУМКИН АСТ

Дини Ислом-дини осонӣ аст. Худованди бузург берун аз қудрату қуввати бандагонаш чизеро нафармудааст. Ин амр ба рӯза низ тааллуқ дорад. Бе узр моҳӣ Рамазонро рӯза нагирифтан гуноҳ аст. Лекин дар баъзе ҳолатҳо мумкин аст, ки рӯзаи моҳи Рамазонро нагирем, ё рӯзаи гирифтаамонро қатъ намоем. Пас бояд дар наздиктарин фурсати муносиб қазои онро ба ҶО оварем. Дар моҳи Рамазон рӯза нагирифтан ё қатъ намудани рӯзаи гирифтаамонро, дар ҳолатҳои зерин мумкин аст:

  1. Мусофират: Ба мусофире, ки дар моҳи рамазон зиёдтар аз 90 километр сафар мекунад ва бо ният, ки дар он ҷо камтар аз панҷ рӯз мемонад, мумкин аст, рӯза нагирад. Лекин рӯза гирифтан хубтар аст.
  2. Беморӣ: Ба шахсе, ки тарс дорад, рӯза бемории ӯро зиёдтар ё таъхире дар барқароршавии тандурустиаш мекунад, мумкин аст, рӯза нагирад. Қарори зиёдшавии беморӣ ё таъхире дар барқароршавии тандурустиро бояд пизишки донишманд ва бодиёнат барорад.
  3. Пирӣ: Пироне, ки барои доштани рӯза ӯудрат надоранд, метавонанд рӯза нагиранд. Пироне, ки ӯазои рӯзаро дошта наметавонанд, бояд барои ҳар як рузи рӯза фидя диҳанд.
  4. Зани ҳомила ё ширдеҳ: Агар зани ҳомила ё ширдеҳ гумон дошта бошад, ки рӯза ба саломатии ӯ ё фарзандаш зарар мерасонад, пас мумкин аст, ки рӯза нагирад.
  5. Ҳайз ё нифос дарзанон: Агар зани рӯзадор ҳайз бинад ё таваллуд кунад, рӯзаи у фосид мешавад. Дар муддати ҳайз ё нифос ба у руза гирифтан мумкин нест.
  6. Ҷанг: Агар сарбозе, ки дар Рамазон бо душманон меҷангад, гумон дошта бошад, ки рӯза ӯро беқувват мекунад, ба у руза нагирифтан ҶОИЗ аст.
  7. Маҷбурӣ ё таҳдид: Агар шахси рузадорро маҷбур кунанд, ки рӯзаашро бихурад ва ба куштан ё зарар овардан ба узвҳояш тахдид кунанд, ба у мумкин аст, ки рӯза нагиоад ё рӯзаи доштаашро катъ намояд.
  8. Гуруснагӣ ё ташнагии шадид: Агар гуруснагӣ ё ташнагӣ шахси рӯзадорро то ҷое беҳол намояд ва ӯ гумон барад, ки ташнагӣ ё гуруснагӣ бар тан ва аӯли ӯ зарар мерасонад, шикастани рӯза барояш ҷоиз мешавад.

Комментарии