Дуои Дастархон – дуо баъди таъом хурокхурӣ

Шукронаи неъмат, зидии давлат, тани сиҳҳату хотири ҷамъ, мо кам кардем Худо зиёда гардонад ва ба ин хонадон фах баракат, умри дарозу давлати бепоён ато фармояд ва гузаштагонро раҳмату мағфират ва шоистаи ҷанннат намуда, боқимондаҳоро – ҷойнишини некон кунад. Омин. Бираҳматика ё арҳамар – роҳимин.

**************************

duo_iftor

Илоҳӣ, тани сиҳҳату хотири ҷамъ карам фармоӣ. Мо аз ин таъомҳо хӯрда кам кардем, Худованд зиёда гардонад. Ба аҳли ин хонадон хайру баракату хурсандиро ато гардонад. Ба ҷумлаи бандагони мӯъмину мусалмон кушоишу кора то намуда ба мамлакатамон оромиву осудагӣ, ба бозорҳоямон арзониву фаровониву инсофу ростӣ, ба деқонон баракат дар кишту корҳо, ба мусофирон сиҳату саломатӣ, ба беморон шифои комилу оҷил, ба қарздорон наҷот аз болои қарз ато фармоӣ. Ҷумлаи бандагони калимагӯятро ба орзуву ҳавасҳояшон восил намуда, дар қатори онҳо ба фарзандҳои мо низ баракат дар касбу рӯзӣ, хайру хушбахтии дуҷаҳониро рӯзи гардонӣ.

Омин. Бираҳматика ё арҳамар – роҳимин.

Комментарии