Эшони Нуриддинҷон

Қаҳоров Нуриддинҷон – зери тахаллуси Эшони Нуриддинҷон маъруф аст. Санаи 20-уми-марти соли 1953 дар деҳаи Туркобод ноҳияи Кофарниҳон дар хонадони ҳазрати Эшони Тураҷон (раҳимаҳуллоҳ) ба дунё омада аст.

eshoni-nuridinНуриддинҷон аз овони кӯдакӣ шавқу рағбати зиёде ба илмомўзӣ дошт, ки падари бузургвораш ҳазрати Эшони Тураҷон (раҳимаҳуллоҳ) уро ба назди бобояш домулло Абдуссамади Ромитӣ гузошт. Дар назди эшон аксари қурьонро ҳифз намуда, улуми аввалиро низ аз Ў гирифт.

Эшон ҳанўз аз айёми кӯдакӣ бо овози хушу форами худ муҳаббати қуръонро дар синаи дустдоронаш дучанд гардонида буд. Сипас илми фиқҳро дар назди Домулло Мирзо Тоҳири Ромитӣ омӯхт. Баъд аз он барои омўхтани илми тафсиру ҳадис, таъриху адаб, сарфу наҳв, усулу мантиқ ва мирос ба назди Ҳоҷидомулло Муҳаммадҷони ҳиндустони рафт ва муддати беш аз даҳ сол заҳмати шогирди кашид то ин улумро аз худ кард. Эшон аз ҷумлаи шогирдони мумтоз ва ангуштшумори Мавлави буд, ки ҳануз дар айёми ҷавони унвони донишманди ва фақеҳиро дар миёни аҳли илми кишвар касб кард.

 Ў соли 1970 мактаби миёнаи № 9 ноҳияро бо баҳои аъло хатм карда, ба таълиму тадрис ва ваъзу иршоди мардуми азизи кишвар шуғл варзидааст. Аз ин ҷост, ки садҳо шогирди лоиқу сазовор барои пешбурди дини Худо ба ҷомиъа тақдим кардаанд. Эшон дорои ахлоқи ҳамида ва бузурги инсонианд. Ниҳоят ғаюру шуҷоъ ва сабуру хоксоранд.

Ў аз ҷумлаи донишмандонест, ки аввалин шуда дар масоили доғи рўз тавассути минбар ва маросимҳо овози хешро баланд мекунад ва умарона дар муқобили душманони ислом истода, дифоъ аз муқаддасоти ислом ва мардуми мусулмони мазлум менамояд. Инчунин Эшон ба ҳайси як воъизи ширинсухан ва ҳақгў, ки дар гуфтани сухани ҳақ аз касе эҳсоси хавфу хатар намекунад, дар миёни хосу ом шуҳрат касб кардаанд.

Аз ин ҷост, ки садҳо фитаву наворҳои Эшон ба самъи муридону ҳаводоронашон дар дохили кишвар ва хориҷи он расида, мавриди истифодаи ҳамагони гаштаанд. Солиa 1974 оиладор шуда, ҳоло соҳиби 12 фарзанд аст. Аз соли 1992 то соли 1998 дар кишвари Қазоқистон муҳоҷир буданд. Эшони Нуриддинҷон рисолае дар ҷавози мавлуди Паёмбар (с) ба унвони «Оё ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар(с) ҷоиз аст?» (с.2000) ва рисолае дар масоили ушри замин ба унвони «Адиллатул куср фи вуҷубил ушр» (2003) таълиф кардаанд.

Комментарии