Фарз чист?

Фарз: ин ибодате мебошад, ки иҷрои он мувофики фармоиши дини Ислом зарур ва хатмй аст. Масалан, хондани намоз, рӯза гирифтан ва додани закот фарз мебошанд.

Касе, ки фарзро иҷро мекунад, савоби зиёде мегирад. Касе, ки бесабаб, фарзро инро намекунад, гунахгор мешавад. Касе, ки ба ҳатмй буданй инрои яке аз фарзҳо бовар надорад ва ё онро ҳамчун фармони дини ислом ҳисоб намекунад, аз Ислом мебарояд.

farz

Ду намуди Фарз мавнуд аст:

а) Фарзи айн: фарзе мебошад, ки ҳар як мусулмони мукаллаф ҳатман бояд онро ба ҷо оварад. Масалан, панҷ вакт намоз хондан, рӯза гирифтан фарзи айн мебошанд.

б) Фарзи кифоя: фарзе мебошад, ки агар якчанд мусулмон онро ба анҷом расонанд, аз души дигар мусулмонон ин масъулият сокит карда мешавад. Агар ин фарз инро нагардад, дар ин холат масъулият ба души хамаи мусулмонон меафтад. Масалан, агар мусулмоне вафот кунад ва гурӯхи мусулмонон намози нанозаи ӯро хонанд, дар ин маврид масъулият аз души дигар мусулмонон бардошта мешавад.

Комментарии