ФИДЯИ РӮЗА ЧИСТ?

Пирҳои нотавон, ки рӯза дошта наметавонанд ва бемороне, ки шифо намеёбанд қазои рӯзаи моҳи Рамазонро намегиранд. Ба ҷои ин қазоӣ, онҳо барои ҳар як рӯзи Рамазон, ки дар он рӯза гирифта натавонистанд, ба фақирону мӯҳтоҷон озуқаворй ё пул барои хӯрду хӯрок медиҳанд. Инро «фидя» меноманд.

fidya_ruza

Миқдори фидя мувофиқи миқдори садақаи фитр аст, ки дар охири моҳи Рамазон дода мешавад. Фидяи як рӯзи рӯза ин озуқаворй ё пул ба миқдоре, ки як инсонро бо хӯроки субҳона ва хӯроки шом таъмин намояд. Инчунин миқдори фидя аз имкониятҳои шахсии диҳанда вобаста аст.

Комментарии