ФОИДАҲОИ РУЗА

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон чунин фоидаҳо дорад:

  1. Хушнуди, муҳаббат ва мехрубонии Парвардигорро сазовор мешавем.
  2. Худовандро бозхам зиёдтар шукр мегӯем, зеро хубтар дарк менамоем, ки хамаи неъматхо танҳо аз ҷониби Уст.
  3. Сабрро дар худ тарбият мекунем.
  4. Аз гунохх. ва корхои бад дурй ҷуста худро аз дузах рахой медиҳем.
  5. Гурӯснагй ва факириро дархуд месанҷем.
  6. Саломатиамонро мустахкам месозем.

US-RELIGION-ISLAM-RAMADAN-EID

Рӯза – ин фармони Худованд аст, бинобарин мо аз хӯрдан ва нӯшидан худдорӣ мекунем. Ҳатто дар ҶОЙҲОИ хилват, ки касе моро намебинад, МО бояд рӯзаамонро вайрон накунем, чунки Худованд моро мебинад. Бо ин сабаб хушнудй, муҳаббат ва меҳрубонии Парвардигорро сазовор мешавем.

Паёмбар (с) дар ривоят аз Худованд (ҷ) мефармояд:

«Бандаам барои ризои Ман шаҳвату таомашро тарк намудааст. Ва Ман подоши онро хоҳам дод»  (Бухорй, Савм, 4)

Чӣ басо МО аз қадру қиммати неъматҳо ғофил мемонем, танҳо баъд аз маҳрум гаштан аз ОНҲО, МО арзиши ин неъматҳоро дарк мекунем. Ҳангоми рӯзадорӣ тамоми рӯз МО намехурем ва наменушем. Ҳамин тавр арзиши хурдан ва нушиданро хубтар мефаҳмем. Ин замон Худовандро бозҳам зиёдтар шукр мегуем, зеро хубтар дарк менамоем, ки хамаи неъматҳо танҳо аз ҷониби Уст.

Худованди бузург мефармояд:

«Пас Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам. Маро силос гӯед ва носипосии ман накунед».

(Сураи Бақара, 152)

sabr_kardan

Дар зиндагонии худ мо бо ҳар Гуна мушкилот ва душвориҳо дучор мешавем. Барои он, ки ба таври сазовор ин душвориҳоро гузаронем, МО бояд сабр дошта бошем. Сабр – ин яке аз сабабҳои асосии комёбист. Дар тӯли ҳамаи рӯз МО тамоман намехурем ва наменушем.  Ҳамин тавр сабрро дар худ тарбият мекунем.

Дуруғгуӣ, ғайбатчигй, ҷангу ҷанҷол, поймол намудани ҳуқуқи дигарон, озор додани мардум – ин гуноҳҳоест, ки ба дузах мебаранд. Агар нафси худро боз дорем, МО метавонем аз ин гуноҳо дур шавем. Моҳи Рамазон – ин мактаби тарбияти нафс мебошад. Ҳангоми рӯзадорӣ МО доимо дар ибодати Худованд ҳастем. Аз гуноҳҳо ва корҳои бад дурӣ ҷуста худро аз дузах наҷот медиҳем.

Паёмбар (с) фармудааст:

«Агар касе аз шумо рӯзадор бошад, беҳудагиву ғавғо ва дуруштӣ нанамояд. Агар касе ҳам ӯро дашном диҳад ва ё ба у ҷанҷол намояд, бо у бигуяд: «Ман рӯзадор мебошам». (Бухорй, Савм, 9).

Инсоне, ки дар ҳаёташ боре гурусна намондааст, мушкилот ва душвориҳои фақиронро намефаҳмад. Ҳангоми рӯзадорй мо гурӯснагй ва фақириро дар худ месанҷем. Аз аҳволи фақирон огоҳ мешавем. Дар дилҳоямон ғамхорӣ ва раҳмдилӣ мустаҳкам шуда, фақирону муҳтоҷонро дастгирй мекунем. кушиш мекунем ба онҳо аз амволи худ бидиҳем.

Паёмбар фармудааст:

«Бар шахсоне, ки аз Шумо дар дорой пасттаранд, назар кунед ва худро ба шахсоне, ки аз Шумо дар дорой болотаранд баробар, насозед. Ин ба Шумо рухсат медиҳад, ки ба ризқи додай Худованд қадрдонй кунеду  нро
кам нашуморед».

Меъда ва дигар узвҳои мо шабу рӯз дар муддати ёздаҳ моҳ бе танаффус кор мекунанд. Ба ҳама маълум аст, ки бемориҳои меъдаро бо воситаи гурӯснагй табобат мекунанд. руза низ дар моҳи Рамазон гурӯснагист. Аз ин ру вақте мо узвҳои ҳозима ва тамоми баданро истироҳат медиҳем, саломатиамонро мустаҳкам месозем.

Комментарии