Гуноҳҳони кабира

Худоё, корхои моро бароварда гардон ва моро мадад намо!

Шайх, Имом, Ҳофиз Шамсуддин Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Усмон аз – Заҳабӣ (раҳматуллоҳи алайҳи) мегӯяд: «Хамду сано мар Худоеро, ки ба мо имон ато фармуд! Шукри он Худо, ки ба мо Китоб, Пайғамбар, Малоика ва сарнавишти нек арзонӣ дошт! Салавоти Худо бар Муҳаммад (с) ва хонадону пайвандони ӯ! Худо Моро дар Рӯзи қиёмат ҳамроҳи онон маҳшур бигардонад!».

13

Мо боварӣ дорем китобе, ки гуноҳҳои кабираро чунин нишон медиҳад ба хонандагон манфиатовар хоҳад буд. Дуо мекунем, Худо моро таҳти раҳматаш қарор бидиҳад ва аз содир кардани гуноҳҳо боз дорад.

Аллоҳ Таоао дар Қуръони Азимушшаън мефармояд: «Агар шумо аз гуноҳҳони кабира, ки аз онҳо наҳй карда шудаед, канора ҷӯед, аз шумо гуноҳҳони сағираатонро нобуд месозем ва шуморо ба маҳадди гиромӣ дар меорем» (ан-Нисо, 31). Дар ин оят Худои Мутаол ҳар касеро, ки аз гуноҳи кабира канораҷӯӣ мекунад, ҷаннати ҷовидон ваъда мекунад.

Аллоҳ Таоло ҳамчунин мефармояд:

«Ва барои онон, ки аз гуноҳони кабира ва беҳаёиҳо парҳез мекунанд; ва чун онҳо ба хашм меоянд, меомурзанд» (аш-Шӯро, 37);

«Ононеро аз гуноҳони кабира ва беҳаёиҳо-ҷуз гуноҳони сағира – парҳезгорӣ мекунанд. Ҳароина Парвардигори ту бисёромурзиш аст» (ан-Наҷм, 32).

Пайғамбар (с) гуфтааст: Агар дар фосилаи намозҳои панҷвақта гуноҳи кабира содир нашуда бошад, он намозҳо сабаби мағфирати гуноҳҳои сағира мегарданд”[1] Тибқи таҳқиқот бори гуноҳи кабира бар души худи мост. Масъалаи таъйини гуноҳҳои кабира ихтилофнок аст. Баъзе олимон адади онҳоро ҳафто муайян кардаанд ва суханҳои Пайғамбар (с)-ро бар он далел меоранд: «Аз ҳафт гуноҳи марговар эҳтиёт бошед: бисёрхудоӣ, сеҳру ҷоду, куштор, хиёнати моли ятим, рибохорӣ, фирор аз майдони ҷанг, тӯҳмат бар зани солиҳа».

Хамчунин суханони Ибни Аббосро дар хусуси адади Гуноҳҳои марговар меоранд: «Адади онҳо бояд ҳафтод бошад, на ҳафт». Ба дурустӣ ӯ ҳақиқатро гуфтааст. Адади ин гуна гуноҳҳо дар ҳадиси боло маҳдуд нест. Ҳамчунин ба гуноҳҳои кабира аъмолеро, ки барои содир кардани онҳо шариат дар ин дунё ҷазо ва дар охират ғазаби Парвардигор, лаънати Пайғамбар Муҳаммад (с)-ро муайян кардааст мисли одамкушӣ, дуздӣ ва зинокорӣ дохил кардан мумкин аст.

Дар навбати худ бояд гуфт, ки гуноҳҳо аз рӯи моҳияти худ метавонанд, то андозае вазнин бошанд. Ба он гуноҳҳое, ки Расули Худо (с) номбар кардааст, бисёрхудоӣ (ширк) низ дохил аст. Дар фарқият аз дигар гуноҳҳои кабира ширк ҳаргиз бахшида намешавад ва муҷиби то абад дар оташи дӯзах сӯхтан мебошад.

Дар Қуръони Карим гуфта мешавад: «Ба дурустӣ, Худо онро, ки барои ӯ шарик муқаррар карда шавад, намеомурзад; ва ғайри он ҳар киро хоҳад, меомурзад» (ан-Нисо, 48);

«Ба дурустӣ, касе ки барои Худо шарик муқаррар мекунад, Худо биҳиштро барои вай ҳаром кардааст; ва ҷои ӯ дузах аст » (ал-Моида, 72).

Далелҳои дар боло овардаро бояд умумият бахшид. Як рӯз Пайғамбар (с) ёронро бипурсид:

«Оё намехоҳед бар шумо бигӯям, ки кадом гуноҳҳо бештар гаронтаранд? » ва ин суханро се маротиба такрор кард. Онҳо ҷавоб доданд: «Алатта, эй Пайғамбари Худо!» он вақт ӯ бигуфт: «Ин ширк ва саркашӣ аз фармони падару модар аст». Вақте ӯ ин суханҳоро мегуфт ба як тараф такязада буд, ҳангоме аз ҷояш мехест илова намуд: «Ва низ аз дурӯғ эҳтиёт бошед». Ba ӯ ин суханҳоро такрор ба такрор мегуфт, Tо он даме, ки мо маҷбур шудем бигӯем: «Эй кошкӣ ӯ аз гуфтани ин суханҳо бозистад!»[2]. Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дурӯғ ва саркашӣ аз фармони воаидайнро ба қатори гуноҳҳои вазнин дохил кард, ҳарчанде онҳо дар радифи ҳафт гуноҳи кабира ёд нашудаанд .

[1]Бухори, Китоб-ут-Таҳорат,233

[2] Бухорӣ, Муслим.

Комментарии