Ҳикояи тарбиявӣ – намози аввалин

Хеле саҳарии хунук буд! Вақте ки ман ҷойхоби гармро гузошта, П0ЙҲ0И лучи худро ба пойафзоли хунук даровардам, ба тамоми бадани ман ларза паҳн шуд… Субҳ ҲОЛО надамида буд. Ман аз тиреза НИГ0Ҳ кардам. Дар манораи начандон калони кӯҳнаи Масҷиди кӯҳна, ки НИҲ0ЯТ баланд буд, ҲОЛО ягон кас набуд. Лекин дар пешдолони манора сояи муаззини ҷавон намудор шуд. Ман сахттар дар ҷомаи худ печидам. Азонеро, ки рӯҳи хоболуди маро бедор мекард, гӯш карда, намози аввалине, ки понздаҳ СОЛ пеш хонда будам, ба ёдам омад.

Модари аз ҳама меҳрубони ман понздаҳ СОЛ пеш маро барои хондани намози аввалин бедор кард. Ба фикрам он вақт низ мисли ҳозира зимистон буд. Ман дар катчаи хурдакаке дар ҳуҷраи худ, ки дар ҳамсоягии ҳуҷраи модарам буд мехобидам. Модарам бо дастонаш мӯйҳои маро сила карда, аз хоб бедорам кард:

namozi_avalin

Хез,Умарҷон.

Умарҷон, писарам, хез…

Ман чашмонамро кушодам.

– Модар… Ҳоло торик аст ку?

У аз кунҷи Қ0ШИ чапи ман бӯса карда, вақтро ганимат дониста, маро аз зери багалам бардошт. Калӯшҳ.и хурди худро пӯшида, чашмонро бо муштакҳоям молида, аз Ҷ0ЯМ хестам, тез аз долони торик гузашта ба ҳуҷраи модарам даромадем. Дар оташдон ҳезумҳ.и хушк шақаросзанон месӯхтанд.

  • Ана Парвин низ хест…

Парвина аз оташдон кӯзаи зарди мисинро гирифт. Бовар намекардам, ки Ӯ низ мехезад. Модарам гуфт:

  • Парвин ҳар саҳар мехезад.

Ман ҳайрон шудам, ки чаро Парвин ҳар саҳар мехезаду ман не. Остинҳои маро барзаданд, ман ба сатил хам шудам. Модарам гуфт:

  • Ту ин хел монда мешавй ва курсичаро гузошт, то ман нишинам.

Таҳорат карда барои гармшавй ман ба назди оташдон рафтам ва баргашта дидам, ки чй хел модарам ҷойнамозҳоро густурд. Баъд рӯймоли сабзро ба сар карда, маро ҷеғ зад.

  • Биё…

Ман омадам. Ман ҲОЛО хеле хурду қадпаст будам, ки дар як ҷойнамоз бо модарам ҶОЙ гирифтам. Вақте ки Ӯ намозро сар карда, дастонашро то шонахони боло бурд, ман ҳайрон шуда мисли Ӯ такрор кардам. Суннати намозро тамом карда, ӯтабассум карда, гуфт:

Писарам, ту духтарча ҳастӣ? Охир, занҳо ин тавр намоз мехонанд. Ту мард ҳастӣ, ту бояд дастонатро ба гӯшҳо барй. Ва бо дастони гарми худ дастони маро гирифта нишон дод, ки чй тавр такбир мекунанд:

-Ана ин тавр.

Ман ИСЛ0Ҳ шудам ва намоз гузоштам.

Ҳангоми дуохонй ман пурсидам:

  • Чй хел ман дуъо кунам, модар? У сар ҷунбонид. Ва танҳо баъди дуои худро хондан, ба ман нишон дод:

Бигӯ: «Ё Аллоҳ, шукри он мекунам ки ман мусулмонам… Аз ту ИЛТИҶОИ бандагй дорам,ки ватанамонро аз душманон НИГ0Ҳ дорй, аз ту талаб дорам, ки ба ҳамаи мусулмонони бемор, камбатал, дармонда мадад кунй», барои худат талаб намо то одами хуб бошй ва шайтон натавонад ба ту толиб ояд.

Баъди намоз модарам ҷойнамозро ҷамъ карда пурсид, ки хоб кардан мехоҳам? Хоб кунам ё не? Ростй кй дар ҳайрат будам чй гӯям ба модарам. Ман ягон ҷавоб надодам. – Ин тавр бошад, рав китобҳояро биёр, дарсҳоятро месанҷем.

-Хуб.

Ман зуд дари даҳлезро кушода, китоби дар болои миз кушодаи худро гирифта, ба назди модарам Давидам.
Ман бе ягон хатогй ҷавоб медодам. Бегохихо модарам ба ман мегуфт:

– Пеш аз хоб рафтан дарсхои худро се маротиба бихон. Баъд малоикаҳо дар хоб онхоро ба ту меомӯзонанд.

Шояд малоикахо дар ин шаб маро омӯзониданд. Модарам маро таърифу тахсин гуфта, сарамро сила карда гуфт: То мактаб рафтан ҳоло вақт аст. Рафта хоб кун ва маро ба кат хобонд. Ман хоб рафтан намехостам ва модарамро мушохида менамудам. Дар нимторикй бо рӯймоли сабзи худ ӯ ба фариштаи афсонавй монандй дошт. Модарам дар даст Қуръон гирифта дар назди тиреза нишаст ва бо овози махини худ ба хондан шурӯъ намуд. Ин овози сехрнокро, ки дар дили ман таъсире амиқе мегузошт, шунида, рӯи софи модарамро, ки ҳангоми хониш меҷунбид, дида, хоби ман бурд. Модарам мисли малоика менамуд. Дар назарам чунин менамуд, ки гӯё хангоми китобхонй фариштахо дар гирди модарам давр мезаданд ва бо пархои нозуки худ мисли модарам сари маро сила мекарданд.

Комментарии