Иқомат чист?

ьmuhammedИқомат ин даъват ба намоз бархостан мебошад, ки пеш аз намозҳои фарз гуфта мешавад.

Чӣ касе ва дар кадом ҳолат иқоматро мехонад? Пеш аз намози ҷамоат муаззин бо овози баланд иқомат мегӯяд. Мардоне, ки танҳо намоз мегузоранд, бо овози паст иқомат мегӯянд. Занҳо иқомат намегӯянд.

Калимахои иқомат қариб ба азон монанданд, вале пас аз калимаҳои ҳая ала-л-фалоҳ, ду маротиба қад қомати-с- салот гуфта мешавад. (яъне, намоз сар шуд). Азонро оҳангнок ва дар байни ҳар як ҷумла бо каме танаффус мехонанд, вале иқомат зуд, аниқ ва бетанаффус хонда мешавад.

Калимаҳои иқомат :

  • Аллоҳу Акбар (4)
  • Ашҳаду алло илоҳа илаллоҳ (2)
  • Ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ
  • Ҳай алассалоҳ (2)
  • Ҳай алалфалоҳ (2)
  • Қад қомати салоту қад қомати салоҳ (2)
  • Аллоҳу Акбар (2)
  • Ло Илоҳа илаллоҳ (1)

Комментарии