ҶӮЙИ ОБИ ХУНУК

Тоҳир соли хонишро бомуваффақият анҷом дод. Падару модараш гуфтанд, ки ӯ имсол хеле кӯшишу ғайрат намуда дар қатори хонандагони аълохони мактабашон ҶОЙ гирифтааст, аз ин рӯ сазовори истироҳати хуби тобистона шудааст ва хостанд ӯро ба деҳа ба назди тағояш равон кунанд. Ин хабар Тоҳирро хеле хушҳол намуд. Баъди чанд рӯз тағояш барои бурдани ӯ омад. Тоҳир ҳамеша аз тағояш дар бораи деҳа мепурсид, ба ӯ ҳама чиз шавқовар менамуд. Аз ҳама шавқовар барои Ӯ чӣ хел зиндагй кардани тағобачаяш – Солеҳ буд. Чунки онҳо кайҳо боз якдигарро надида буданд.

kudaki_

Ба роҳи дуру дароз аз бегоҳӣ тайёрӣ медиданд. Тоҳир дар интизории саҳар аз ҳаяҷони бисёре ҳатто шаб хуб хоб нарафта буд. Саҳарии барвақт Тоҳир бо тағояш ба роҳ баромада роҳи дарозро тай намуда, дар муддати 10 соат ба деҳа расиданд. Тоҳир бо Солеҳ унс гирифта, рафиқони ҷони шуданд. Онҳо якҷоя дар соҳили дарёча аз гил хона месохтанд, дучархасаворӣ мекарданд, то вақте ки тағояш ҳезум тайёр мекард, ОНҲО дар ҷангал бозй мекарданд.

Боре бегоҳӣ вақте, ки онҳо бо болиштҳо бозӣ мекарданд, бобои Алй онҳоро ОГОҲ намуд:

-Агар шумо хоб накунед, пагоҳ бо ҳамроҳии ман ба чарогоҳи тобистона рафта наметавонед. Ман саҳарии барвақт меравам, касе ки аз хоб хеста наметавонад, дар хона мемонад. Баъд аз ин огоҳӣ Тоҳиру Солеҳ зуд хоб рафтанд.

Саҳарии дигар, то дамидани субҳ бобои Алй бо набераҳояш ба роҳ баромад. Роҳ ба чарогоҳи тобистона ки роҳи дароз ва теппаҳои баланд дошт, дар аввал барои бачаҳо бисёр осон менамуд. Вале вақте ки офтоб баромад ва ҳарорат баланд шуд, роҳ дар назарашон сангин ва беохир менамуд. Бобои Алй аз банди хар – лаҷом кашида, ба тарафи наберагон гашта онҳоро рӯҳбаланд кард:

-Ана, бачаҳо ҳамин ки ба паси ин баландй гузарем, дар лаби “чуйи оби хунук” дам мегирем. Камтари дигар тоқат намоед!

Ин ном ба Тоҳир маъқул шуд.

Бобоҷон “Ҷӯйи оби хунук” дар куҷост? Бобою Солеҳ табассум намуданд.

Набераам, “чуйи оби хунук” дар паси ин теппа ҷорӣ аст. Касоне, ки ба чарогоҳи тобистона мераванд, дар назди ҷуйбори хунук дам мегиранд. Оби хунуки ҷӯйбор, ки дар он ПОЙҲОИ худро мегузоранд, мондагиро рафъ мекунад.

Агар роҳгузарон бо худ тарбузу харбуза биёранд, онҳоро низ дар оби хунук мегузоранд. Вақте, ки мисли ях хунук шуданд, онҳоро бурида бо иштиҳои том мехӯранд.

Эй бобо, МО ҳам бояд харбузаву тарбуз меовардем.

Бобои Алй ба хараки пурбор ишора намуда, хабари хушро гуфт:

-Дар як почаи хурҷини харак ғизо ва дар почаи хӯрҷини дигар харбузаву тарбуз ҳаст. Чй хел ба чарогоҳи тобистона омада, бо худ харбузаву тарбуз нагирем?!

Хабари истироҳати дар пешистода ва харбузаву тарбузи хунук бачаҳоро хурсанд намуда буд. Лекин Қарақачани сустҳаракат онҳоро бозмедошт. Тоҳир хам шуда ба гӯши харак чизе пичир – пичир кард. Инро дида бобоҳайрон шуд:

– Ту, чй Тоҳир, бо Қарақачан сухан

мегӯӣ?

– Ман ба Қарақачан гуфтам, ки дар паси пӯшта  туро пучоқҳои хунуки харбузаву       тарбуз

интизоранд. Бинед, чй хел вай тез-тез ба роҳ гаштан даромад.

Баъд аз чанд вақт аз дур ҷӯйбор намудор шуд. Вақте, ки ОНҲО наздик шуданд, бачаҳо боборо гузошта худашон ба пеш давиданд.

Онҳо пойафзолҳои худро кашида, ПОЙҲОИ дар роҳ тафсону мондашудаи худро ба қаъри
сангини ҷӯйбор гузоштанд. Вале онҳо оҳ гӯён тез ПОЙҲОИ худро аз об берун гирифтанд.

Маълум шуд, ки об дар ин ҶО дар ҳақиқат хунук будааст, беҳуда ин ҷӯйро “Ҷуйбори хунук” ном нагузоштаанд, -гуфт Тоҳир. Оби аз тарқиши харсанг ва зери дарахти баланд баромадаистода Тоҳирро ба ҳайрат оварда буд. у тааҷҷуби худро ПИНҲОН карда наметавонист, ки чй хел аз тарқиши санг дар рӯзи тобистонии тафсон оби хунук мебарояд:

-Бо6о,-чй хел дар ин рӯзи гарм ин об хунук аст? Ин қадар оби бисёр боз дар зери ин харсангҳо аз куҷо пайдо мешаванд. Охир ин обро на насосҳо ва на МОШИНҲО аз он ҶО кашида намебароранд?

Чавоби бобо кӯтоҳ ва аниқ буд:

-Барой Аллоҳ таъоло, ки ин обро ва ин дунёро офаридааст ҳеҷ мушкиле нест, писарам. Агар Ӯ чизеро ки хоҳад, мегӯяд: «ШАВ!» (БОШ)- ва он мешавад, кувваю тавоноии У беҳисоб аст.

Дар ин вақт бобои Алй аз хурҷин харбузаву тарбузро гирифта ба об гузошт. Ва баъди чанде онҳо якҷоя бо ХОҲИШИ том харбузаву тарбузи хунукро бо нону панир хурданд.

Баъд аз хӯрокхӯрӣ Солеҳ ва Тоҳир ба кӯҳ барои ҷамъоварии муруди кӯҳӣ баромаданд.

Вақте ки ОНҲО баргаштанд, бобои Алй дар лаби ҷӯйбор нишаста даст мешӯст. Дастҳоро шуста Ӯ се бор даҳон ва бинии худро бо об шуст. Бо кафи дастони худ об гирифта се бор рӯи худро шӯст. Дасти рост, сипас дасти чапи худро то оринҷ шӯст. Бо дастони тари худ сари худро молида, даруни сурфаи гӯш ва гардани худро бо ангиштони тар низ молиш дод. Дар охир пойҳояшро шӯст.

-Тоҳир аз бобо пурсид:

Бобо барои чй ту таҳорат кардй, вақти намоз нашудааст?

-Медонам, писарам, намози пешинро Худо агар хоҳад дар чарогоҳи тобистона мегузорам.

Чунки доимо бо таҳорат будан низ ибодат аст. Аз ин кор одам савоби бузург мегирад, аз тарафи дигар доим бо таҳорат будан яке аз корҳои сабук ва форам мебошад.

Ман хостам барвақттар таҳорат созам. Чунки доимо бо таҳорат будан низ ибодат аст. Аз ин кор одам савоби бузург мегирад, аз тарафи дигар доим бо таҳорат будан яке аз корҳои сабук ва форам мебошад.

Чй хел? Солеҳ ва Тоҳир бо як овоз пурсиданд:

  • Агар муъмин дар ҳолати ботаҳорат аз корҳои бад дурй ҷӯяд, малоика ба Ӯ савоби зиёд менависанд. Инчунин малоика шахси ботаҳоратро аз таъқиби қувваҳ.и бадй муҳофизат менамоянд. Дидед, кӣ чи қадар ин кори саҳл ва фоиданок аст, набераҳои ман!

Инро шунида, бачаҳо рӯҳбаландона остинҳои худро бар зада ба таҳораткунй шурӯъ намуданд.

Хӯрҷинҳ.ро ба хар бор карда, бобои Алй ба бачаҳо муроҷиат намуд:

- Канй, бачаҳо хезед, то чарогоҳ боз ду соат роҳи дигар аст.

Комментарии