КАФФОРАТИ РӮЗА ВА ФОСИД ШУДАНИ ОН

Каффорати рӯза чист?

kakogo-chisla-uraza-bayram-3Агар шахсе қасдан ва бе узри шаръй рӯзаи МоҲИ Рамазонро фосид кард, ҳатман барои ҷуброни рӯзаи фосидшуда ду моҳ пай дар пай бояд рӯза гирад. Ин навъ чаримаро каффорати рӯза меноманд.

Давомнокии каффорати рӯза ду моҳ мебошад. Ғолибан ин 60 рӯз аст. Агар ба ин рӯзҳо як рӯзи рӯзаи фосидшударо илова кунем, дар маҷмӯъ 61 рӯз мешавад. Бо ҳамин сабаб дар урфи мардум каффорати рӯзаро «шасту як» меноманд.

Корҳое, ки бо содир кардани ОНҲО бояд каффорат ва қазои рӯзаро ба Ҷ0 овард.

Рӯза нагирифтани М0ҲИ Рамазон ё бе узр хӯрдани он, гуноҳи кабира аст. Агар ҳангоми рӯзадорӣ МО қасдан рӯзаро фосид кунем, пас бояд ба Худованд тавба кунем. Барой ҷуброни рӯзаи фосидшуда бояд ду моҳ каффорати рӯза ва як рӯз қазои онро гирем.

shikastani_ruza

Корҳое, ки бо содир кардани онҳо бояд фақат ҳамон рӯзро қазо дошт.

Гоҳе рӯза бо хатогӣ ё бо узр метавонад фосид  шавад. Дар ин ҳолат мо бояд фақат қазои ҳамон рӯзҳоеро, ки дар он рӯза надоштем ба ҷо оварем.

Баъзе ҳолатҳое, ки бояд фақат қазои рӯзаро ба ҷо оварем:

  • Агар мо бо фаромӯши рӯзаро хӯрдему гумон кардем, ки рӯзаи МО фосид шудааст, пас хӯрдан ва нӯшиданро давом додем ;
  • Агар ягон чизеро, ки маъмулан хӯрда намешаванд, ФурУ бурдем (масалан қоғаз ё замин);
  • Агар вақти имсок гузашта бошаду бо гумоне, ки ҳоло ҳам вақти имсок нарасидааст, мо хӯрдану нӯшиданро давом додем:
  • Агар офтоб ғуруб накарда бошаду бо гумоне, ки офтоб ғуруб кардааст, мо ифтор намудем:
  • Агар хӯрокеро, ки дар байни дандонҳо монда буд ва андозааш аз донаи нахӯд калонтар бошад, ФурУ барем:
  • Агар ҳангоми шустани бинй ё мазмазаи даҳон, об нӯшем:
  • Агар МО нохост қатраи борон, барф ё жолаеро, ки ба даҳонамон афтид ФурУ барем:
  • Агар ба бинй ё гӯши худ даво бичаконем:
  • Агар бо таздид ва маҷбурй рӯзаро фосид кунем:
  • Агар қасдан ё бо сабабе рӯзаи нафлиро хӯрем.

Дар ҳолате, ки рӯзадор бо фаромӯшй хӯрд ё нӯшид рӯзааш фосид намешавад. Лекин ҳангоме ба ёдаш расид, ки у рӯзадор аст, бояд дарҳол хӯрдан ва нӯшиданро бас кунад. Агар баъд аз ин, ки ба ёдаш расид, ки у рӯзадор аст, чизеро хӯрад, рӯзаи у фосид мешавад.

Комментарии