КАЛИМАИ ТАВҲИД

«Ло илоҳа илло-л-Лоҳ Муҳаммадун Расулу-л-Лоҳ».

 Маънояш: «Нест ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Худо ва Муҳаммад пайғамбари Худост».

 Аллоҳро маъбуд гуфтан мумкин нест. Ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас бо номи Аллоҳ номгузорӣ карда намешавад. Ва ба ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас, ба ҷуз Аллоҳ, ибодат кардан мумкин нест. Ва номи Аллоҳро маъбуд тарҷума кардан мумкин нест.

 Ло илоҳа: Қавл медиҳам, ки ҳеҷ маъбудро қабул надо-рам ва қалби худро аз қабул карданӣ он пок медорам. Қалби аз ҳар гуна маъбудон поккардаи худро танҳо барои Худои Якто ва дини Ў омода сохтаам. Имон, ончунон ки хонаро дар ботлоқ сохтан номумкин аст, наметавонад дар қалби дард-манд нашъунамо кунад.

 Илло-л-Лоҳ: Ҳамаи маъбудони дурўғинро рад намуда, танҳо Худои Якторо мепазирам.

 Муҳаммадун Расулу-л-Лоҳ: Қавл медиҳам, ки ҳама гуна бидъатҳоро рад намуда, Парвардигори худро ончуноне ибо-дат мекунам, ки Худо тавассути Қуръони карим онро амр кардааст ва ончуноне, ки онро пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ба мо омўхтааст.

Комментарии