ДАР КАДОМ ВАҚТ ХОНДАНИ НАМОЗ МАКРУҲ АСТ

Дар кадом вақти шабонарузӣ гузоштани намоз макрӯҳ ҳисобида мешавад?

Се фосилаи муайяни вақт мавҷуд мебошад, ки гузоштани намоз макрӯҳ аст. Дар ин вақт ягон намоз (фарз, воҷиб, суннат, ҷаноза ва қазо) ва саҷдаи тиловат ба ҷо оварда намешавад.

  1. Ҳангоми тулӯи офтоб, ки тахминан баъд аз баромадани офтоб 45 дақиқа давом мекунад. (Вақте ки тулӯи офтоб шурӯъ мешавад, дар ин вақт хондани намози бомдод макрӯҳ аст. Баъди гузаштани ин вақт хондани намози қазоӣ ҳатмӣ мебошад).
  2. Ҳангоми заволи офтоб, ки тахминан 45 дақиқа давом карда, он вақти намоз пешин ба охир мерасад.
  3. Ҳангоми ғуруби офтоб, ки тахминан вақти пурра нишастани офтоб 45
    дақиқа давом мекунад. (Дар ин вақт фақат хондани намози аср мумкин аст).

namaz

Оё вақте ҳаст, ки дар муддати он гузоштани намозҳои нафл макрӯҳ ҳисобида шавад?

Дар шабонарӯз ду фосилаи вақте мавҷуд аст, ки дар ОНҲО хондани намозҳои фарз, воҷиб, ҷаноза ва қазоӣ ва анҷом додани саҷдаи тиловат мумкин буда, вале хондани намозҳои нафл макрӯҳ мебошад:

  1. Вақти намози бомдод, аз субҳ то тулӯи офтоб хондани ҳама Гуна намозҳои нафл макрӯҳ мебошад.

Баъди фарзи намози аср то адои намози шом, дар ин вақт хондани намози нафл макрӯҳ мебошад.

Комментарии