Масъалаҳои ҷаноза: нозукиҳо – бояд донист

Баёни баъзе аз масъалаҳои ҷаноза

Агар дар қабр ба фаромӯшӣ рӯйи майитро ба тарафи қибла накарданд ва баъд ёдашон омад, агар хок рехта шуда бошад ва ё дари лаҳад баста гардида бошад, онро кушодан ҷоиз нест.

Рафтани занҳо бо ҳамроҳии тобут макрӯҳ аст. Ва рафтани занҳои навҳакунанда ҳамроҳии тобут ҳаром ва мамнӯъ аст.

janoza-namoz

Мавқеи гузоштани майит дар лаҳад ва бад-ин муносибат азон додан макрӯҳ аст.

Агар имом дар намози ҷаноза зиёда аз чаҳор такбир гӯяд, муқтадӣ пайравии имом накунад.

Агар шахсе дар миёни киштӣ фавт намояд ва бандар низ дур бошад эҳтимол аст, ки ҷасад бадбӯй гардад, пас майитро ғусду кафан намуда, намози ҷаноза бихонанд ва ба дарё андозанд. Ва агар хавфи бӯй гирифтани майит набошад ва ё ба василаи сардхонаи киштӣ нигоҳ доштан мумкин бошад, пас нигоҳ доштани он майит то ба сӯйи хушкӣ ҷоиз аст.

Агар шахсе дуои намози ҷанозаро аз ёд намедонад, пас “Аллоҳума-ғфир ли-л-муъминина ва-л-муъминот”-ро бигӯяд кофист. Ва агар ин дуоро ҳам аз ёд намедонад, пас фақат чаҳор такбирро бигӯяд кофист.

Баъд аз дафн карданӣ майит баргашта онро аз қабр берун овардан бидуни узр ҷоиз нест.

Агар зане фавт намояд ва бача дар шикамаш зинда бошад. Пас паҳлӯи ӯро шикофта он бачаро берун оварда шавад. Ҳамчунин агар майит моли касеро хӯрдааст ва он мол (ба мисоли тангаву тилло, ё чизе, ки дар шикам ғазм намегардад) дар шиками он майит мавҷуд аст, шиками онро чок карда шавад ва он мол берун оварда шавад.

Таърифи майит ба шеър ва сухан гуфтан ҷоиз аст, ба шарте ки муболиға набошад.

Тасаллият додани наздикони майит ва шунавонидани фазоилу савоби сабр ва дуо барои майит ва тарғиб додани онон ба сабру шикебоӣ ҷоиз аст ва инро таъзия мегӯянд. Таъзия беш аз се рӯз макрӯҳ аст, магар яке аз хешовандони наздики майит, ки дар сафар бошад, дар ин сурат баъд аз омадани ӯ таъзия ҷоиз аст, агарчи баъд аз чанд рӯз ҳам биёяд.

Омода намудани кафан пеш аз вафот барои худ зараре надорад, вале омода намудани қабр макрӯҳ аст.

Дар як қабр беш аз як майит дафн карда нашавад, магар дар ҳолати зарурат ҷоиз аст. Агар ҳамаи майитҳое, ки дар як қабр гузошта мешаванд, мардҳо бошанд, пас аввал уламо ва сонӣ дигарҳоро бигузоранд. Вале агар мардону занон бошанд, пас аввал мардҳо бигузоранду баъд аз мардҳо занҳоро Абӯқатода ибни Рибъии Ансорӣ (раз) гӯяд; Ҷинозаеро аз наздикии Пайғамбар (с) ташеъ намуданд, фармуд:

  • Ё худаш роҳат шуд, ё дигарон аз дасташ роҳат шуданд?

Гуфтанд:

  • Эй Расули Худо (с), яъне чӣ ё худаш роҳат шуд, ё дигарон аз дасташ роҳат шуданд?

Фармуд:

  • Инсони муъмин вақте бимирад, аз нороҳативу гирифторӣ наҷот пайдо меёбад ва ба раҳмати Худо шод мешавад, вале инсони фосиду гунаҳгор вақте бимирад, ҳам бандагони Худо ва ҳам мамлакат ва ҳам дарахту ҳайвонот аз шарраш осуда мешаванд.[1]

Байт:

Ҷаҳонсӯзро кушта беҳтар чароғ,
Яке беҳ дар оташ, ки халқе ба доғ.

[1] «Ал-лӯълӯу ва-л-марҷон». Ҷилди аввал. Саҳ. 400.

Комментарии