НАМОЗ

Уқубат кардан барои нахондани намоз:

 Пайғамбари маҳбуби мо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, тавассути ҳадис моро огоҳ мекунад:

namoz«Намоз нагузоридан маънои дар ҳолати байни нобо-варӣ ва бисёрхудоӣ буданро дорад. Яъне, рад кардани намоз ин роҳ ба сўи нобоварӣ аст. Тавассути намоз на-гузоридан роҳ ба сўи нобоварӣ (куфр) ниҳон аст».

Дар Ислом ҳолати пурра аз намозгузорӣ озод будан ву-чуд надорад. Одамони бемор ва заиф низ намоз мегузоранд. Ҳатто дар вақти амалиёти ҳарбӣ намозро тарк кардан иҷозат дода намешавад. Ҳам барои намоз нагузоридан уқубат му-айян шудааст ва ҳам барои касоне, ки тартиби гузоридани намозро риоя намекунанд, уқубат пешбинӣ шудааст. Онҳо касонеанд, ки чизеро аз намоз медузданд: бар имом пешдас-тӣ мекунанд, рукўъ ва саҷдаро пурра адо намекунанд ва ғ.

Пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, тавассути як ҳадис моро огоҳ мекунад:

 «Дузди гузаротарин аз мардумон ҳамон аст, ки аз на-моз чизеро бидуздад».

Вақт ва пайдарҳамии Намозҳо:

  1.  Намози саҳарӣ (Бомдод, Фаҷр). Вақти он то баромадани офтоб идома меёбад. 4 ракъат аст: 2 ракъат суннат ва 2 ракъат фарз.
  2. Намози нисфирўзӣ (Пешин, Зуҳр). Вақти он баъди ба қиём расидани офтоб аст. 10 ракъат аст: 4 ракъат суннат, 4 ракъат фарз ва 2 ракъат суннат.
  3. Намози баъди нисфирўзӣ (Дигар, Аср). Вакти он ҳангоми ду баробар шудани сояи ашёҳо сар мешавад. Он 4 ракъат фарз аст.
  4. Намози бегоҳӣ (Шом, Мағриб). Вақти он баъди ғуруби офтоб сар мешавад. 5 ракъат аст: 3 ракъат фарз ва 2 ракъат суннат.
  5. Намози шабона (Хуфтан, Ишо). Вақти он баъди гузаштани фосилаи муайян аз намози шом (45-60 дақиқа) оғоз мешавад ва то вақти намози саҳарӣ идома меёбад. 9 ракъ-ат аст: 4 ракъат фарз, 2 ракъат суннат ва 3 ракъат намози Витр.

Комментарии