НАМОЗ БА МО ЧӢ МЕДИҲАД

Дар намоз бисёр манфиату фоидаҳо барои тану Ҷ0НИ МО ва чамъияте, ки МО дар он зиндагй мекунем вучуд доранд. Намунаҳое, ки аҳаммияти намозро нишон медиҳанд иборатанд аз:

Намоз имконият медиҳад, ки МО Аллоҳро хубтар ёд кунем Худой бузург ба МО хабар медиҳад, ки «танҳо дар ёд кардани Аллоҳ дил оромй пайдо мекунад». Ёди Худованд, ки МО Уро аз ҳама бештар дуст медорем, ёди номи У рӯҳи маҳзуни моро тасаллй дода, дилро фараҳ, рӯҳу чонро бошад оромй мебахшад.

Аз ҳама роҳи хуби ёди Худо кардан ин хондани намоз мебошад. Намоз ин неъмати бузургест, ки ба МО ато шудааст. Қиммати ин неъматро Пайғамбар (с) хуб дониста, доим ба хондани намоз мешитобид. Ва ин амали худро чунин арзёбй намудааст: «Хурсандии ман дар намоз аст».

Намоз дар бораи ҳаёти абадй ва рӯзи Қазо моро хотиррасон мекунад Дар ин дунё бисёр чизҳое ҳастанд, ки моро аз ёди ҳаёти абадй дур менамоянд. Одамони ҳаёти абадй ва рӯзи Қазоро фаромӯш сохта, ба ҳамаи бадиҳо қодир ҳастанд. Бинобар ин, ба МО лозим аст, ки доим дар бораи ҳаёти абадию човидона андешаву тафаккур намоем.

Аз таҳти дил хондани панч вақт намоз дар як рӯз моро аз ҳаёти човидона, охират, рӯзи Қазо гӯшзад мекунад. Ин чизҳоро МО дар хотир дошта, бадй нахоҳем кард ва боиси озори касе нахоҳем гашт.

Намоз ин вохӯрӣ бо Худованд аст. Ҳангоми барпо кардани намоз МО дар рӯ ба рӯи Худой худ меистем. Вақте ки мо гуноҳ карданй шавем, хондани намоз ва дар рӯ ба рӯи Аллоҳ таъоло истоданро ба хотир оварда, ҳамоно аз нияти бади худ даст мекашем. Бо ҳамин роҳ МО дили худро аз ҳиссиётҳои зишт пок менамоем, дастону дигар узвҳои худро аз корҳои бад НИГ0Ҳ медорем. Намоз ахлоқи моро муҳофизат мекунад. Намоз ин имконияти хуби дарк кардани гуноҳу, хатогиҳо ва тавба кардан мебошад. Дар намоз мо аз Аллоҳ паноҳ металабем, ба ёд меорем, ки у ҳамаро мебинад, мешунавад ва чизе аз у ПИНҲ0Н намемонад. Аз ин рӯ МО дар корҳои худ бодиққату ҳушманд шуда ахлоқи худро беҳтар менамоем.

Намоз ҳаёти моро пурбаракат мегардонад. Мо намоз хонда, вақти худро мувофиқи намозҳои рӯз тақсим менамоем. Саҳарӣ мо намози бомдод мехонем. Вақте ки ҳама мардумон хобанд, мо як қисми корҳои худро анчом медиҳем. Мо аз дуои Пайгамбар (с) фоидаи худро мебардорем, ки гуфтааст: «Ё Аллоҳ, соатҳои аввали уммати маро бобаракат гардон».

namoz-

Дар ВЭҚТҲоИ вазнини рӯз дар намозҳои пешин ва аср МО зикри Худо карда ба чони худ фараҳ мебахшем. Дар намоз МО истироҳат мекунем, рӯҳан сабук гардида нерӯи тозае ба худ зам менамоем. Ин дамгирй ба МО имконият медиҳад, ки МО зиёдтар ва беҳтар кор намоем. Дар намозҳои шому хуфтан МО корҳои имрӯзаи худро чамъбаст намуда бо роҳату ороми ба хоб меравем, чунки фарзҳои Худовандро ба Ҷо овардем.

Намоз ба МО тозагиро меомӯзад. Вақте ки МО таҳорат мекунем, он ҚИСМҲ0И баданро, ки бештар ифлос мешаванд, тоза менамоем. Мо диққат медиҳем, ки тану либос ва чойнамози МО доим тоза бошанд. Дар як рӯз якчанд маротиба таҳорат карда, МО ба тозагй одат мекунем.

Шумо чй фикр доред? Агар дар назди хонаи якеи аз шумоён дарё гузарад ва он шахе дар як рӯз панҷ маротиба худро дар он об шӯяд, дар бадани Ӯ чирк мемонад ё не?

Саҳобагон чавоб доданд: «Не, дар бадани ӯ ягон чирк намемонад». Расулуллоҳ (с) гуфт: «ланч вақт намоз хондан дар як рӯз ба ин монанд аст. Бо воситаи хондани ланч вақт намоз дар як рӯз Аллоҳ таъоло гуноҳонро мешӯяд».

(Бухорй, Муслим, Масҷид283).

 

Комментарии