Намоз чист?

namoz_xondanҲар як махлуки зиндаи рӯи замин бо роҳҳоои гуногуни ба худ хос ибодати Худоро ба ҷо оварда Уро ҳамду сано мегӯянд. Намоз – ин ибодат аст, ки дар худ тамоми ибодатҳои махлукро таҷассум менамояд. Аз сабаби он ки намоз ибодати муҳим аст, Пайғамбар (с) онро «сутуни дин» номидааст.

Намоз маънои «дуохонй», «дуохонии хайр» дошта «меъроҷи мӯъмин» ба ҳисоб меравад: яъне вохӯрии мусулмон бо Худой худ мебошад. Бо воситаи намоз МО имконияти дар як рӯз панҷ маротиба бо Худованд мулоқот карданро пайдо менамоем. Аз тахти дил бандагии худро ба У нишон медиҳем, изҳор мекунем, ки доим мӯҳтоҷи Уем.

Намоз – изҳори миннатдории мо ба Аллоҳ таъоло аст. Ҳангоми намозхонӣ мо ба Аллоҳ таъоло барои неъматхои атокардааш шукргузорӣ намуда, ишқу муҳаббати худро изхор мекунем. Аз ин рӯ намоз бузургтарин арзи иззату эҳтиром аст, ки онро танҳо ба Аллоҳ таъоло метавон баён кард. Ғайр аз ин намоз – дуоест ба хотири арзи бандагй дар назди Аллоҳ таъоло ва талаби матфирати гуноҳ аз даргоҳи ӯ. Агар мухтасар ва кӯтох карда гӯем, намоз – ин сутуни дин, равшании рӯҳ, асоси зиндагии рӯҳии мо ва аз ҳама ибодати зебоест, ки моро ҷисман пок намуда, ҳаёти рӯҳии моро эҳё мегардонад.

Пайғамбар Мухаммад (с) гуфтааст:

«Намоз -равшанй дар дили инсон аст.

Бигузор касе хоҳад бо ин равшанӣ
роҳ ёбад ва кӯшиш кунад, ки равшании
дилаш зиёда гардад».

(Тирмизй, Даъват 85)

 

Комментарии