НАМОЗИ БЕМОР

Ҳангоми беморй чй тавр намоз мегузорем?

Дар дини мубини Ислом мушкилие нест. Офаридагор имкону тавоноии офаридаи Худро ба эътибор гирифта, чунин ибодатро ҳукм намудааст, ки он барои ҳар як инсон дастрас буда, метавонанд сари вақт намозҳояшонро хонанд. Агар МО бо сабаби беморӣ рост истода натавонем, бояд намозҳоямонро дар ҳолати нишаста адо намоем. Агар бемор нишаста натавонад дар ин сурат намозро ба паҳлӯ дароз шуда, ё дароз кашида, рукӯъ ва суҷудро бо ҳаракати сар анҷом медихад. Агар ин ҳам ғайри имкон бошад, дар ин ҳол харакатхои намоз (рукӯъ ва суҷуд)- ро бо ишораи ҷашм ба ҷо меорад.

namozi_invalid

Агар имкони ҳам намудани тан набошад, пас рукӯъ ва суҷудро бо ҳам намудани сар анҷом медиханд. Бо чунин тарз ба ҷо овардани рукнҳоро имо ва ишора меноманд. Дар ҳолате ки МО намозро ҳатто бо имову ишора хам хонда наметавонем, чй бояд кард?

Агар ҳатто имкони ишораи чашм ҳам надошта бошем, онгоҳ намозро дар дил мегузорем ва ё онро чун қарз барои вақти дигар монда, баробари шифо ёфтан, онро адо менамоем.

Комментарии