НАМОЗҲОЕ, КИ БА НАМОЗҲОИ ҲАРРЎЗА МАНСУБ НЕСТАНД

Намози Одина – Ҷумъа: вақти гузоридани он вақти на-мози нисфирўзӣ аст. Ҳамагӣ 10 ракъат аст. Дар он ба ҷои 4 ракъат намози нисфирўзӣ 2 ракъат бо ҷамоат гузорида ме-шавад.

Бо фаро расидани вақти намоз 4 ракъат суннат, сипас баъди хутба 2 ракъат бо ҷамоат ва дар анҷом 4 ракъат сун-нат гузоридан зарур аст.

Баъди намози ҷумъа инчунин гузоридани 2 ракъат намо-зи суннати вақт писандида аст.

Намози Ҷумъа барои шахсони зерин фарз аст:

  • – Мардон. Барои занон ин намоз фарз нест.
  • – Шахсони дар озодӣ буда.
  • – Шахсони дар сафар набуда.
  • – Тандурустон.
  • – Биноён.
  • – Касоне, ки барои ба намоз ҳозир шудан монеае на-доранд.

Шартҳои баргузории намози Ҷумъа:

Шартҳои муайяне вуҷуд доранд, ки бо иҷро намудани онҳо адо намудани намози Ҷумъа дуруст мегардад:

  1. Гузоридани намози Ҷумъа дар вақти намози нисфирўзӣ.
  2. Пеш аз намоз хутба хондан.
  3. Ҷои намозгузорӣ бояд барои ҳамаи хоҳишмандон дастрас бошад.
  4. Ҳозир будани миқдори на камтар аз 3 нафар мардон, ба ғайр аз имом. Ба ақидаи имом Абўюсуф гурўҳи иборат аз ду мард басанда аст.
  5. Иҷозати муфтӣ барои гузоридани намози Ҷумъа.
  6. Ҷои гузоридани намози Ҷумъа бояд дар шаҳр ё дар маҳалле баробар ба он воқеъ бошад.

Комментарии