НАМ03Ҳ0И ИД – ИДОНА

Мусалмонон дар як СОЛ ду иди динӣ доранд: Иди Рамазон ва иди Қурбон. Дар рӯзҳои ин ду ид мусалмонон чун нишонаи шукру силос ба Аллоҳ Таъоло ду ракъат намози идро мегузоранд.

Хондани Намози ид барои кй воҷиб аст?

Барои он касоне, ки намози ҷумъа фарз мебошад, намозҳои ид барояшон воҷиб аст.

Намозҳои идро чӣ тавр мегузоранд?

Намозҳои ид тақрибан 45-50 дақиқа пас аз баромадани офтоб барпо карда мешаванд.

Хутбаи намози идро кай мехонанд?

Хутбаи намози идро баъди намоз мехонанд. Хондани хутба дар рӯзҳои ид суннати Пайғамбар (с) мебошад.

Дар ин хутба имом дар бораи маъно ва МОҲИЯТИ ид сӯҳбат намуда, ба муносибати рӯзи ид ҷамоатро табрик гуфта, оиди он амалҳое, бояд мусалмонон дар рӯзҳои ид анҷом бидиҳанд, таълиму дастур медиҳад. Дар рӯзи ид мусалмонон ҳамдигарро муборакбод намуда, он шахсоне, ки байни худ кинаву адоват доранд, оштӣ мешаванд.

Такбири ташриқ чй маъно дорад?

Калимаҳои такбири ташриқ:

“Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, ло илоҳа иллаллоҳу ва-л-лоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар ва лиллоҳи-л-ҳамд”.

Маънои такбири ташриқ “Аллоҳ бузург аст, Аллоҳ бузург аст, нест худое ба ғайри Аллоҳ, Аллоҳ бузург аст ва ҳамаи ҳамду сано махсуси Аллоҳ аст”.

Такбири ташриқ чист ва кай онро мехонанд?

Такбирҳое, ки дар рӯзҳои Иди Қурбон баъди анҷоми намозҳои фарз гуфта мешаванд, “такбири ташриқ” номида мешаванд. Ин такбирро аз рӯзи Арафа, яъне як рӯз пеш аз Иди Қурбон аз намози бомдод сар карда, то рӯзи чоруми ид, то намози аср, баъди ҳар фарз гуфта мешавад. Ин такбир барои ҷамоат ва барои ҳар фард дар алоҳидагй воҷиб ба ҳисоб меравад. Мардон ин такбирро бо овози баланд, занон бошад пеши худ бо овози паст мехонанд.

Комментарии