НАМО3И ҶАНО3А

Намози ҷаноза дуоест, ки аз барои мусалмони фавтида хонда мешавад. Намози ҷаноза одатан бо ҷамоат гузаронида мешавад. Ҷамоат барои намози ҷаноза шарт буда наметавонад. Агар ҷанозаро як нафар мард ва як нафар зан гузошта бошанд, пас фарз ба 40 оварда мешавад.

Мақоми намози ҷаноза мувофиқи нишондоди шариат чист?

Dzhanaza-namaz

Намози ҷаноза фарзи кифоя мебошад. Матлаби сухани мазкур ин аст, ки ин намоз ба ҳар як мусалмон, ки аз майит хабар дошта бошад, фарз аст. Лекин агар аз ҷумлаи ОНҲО чанд нафар барои адои намози ҷаноза ИҚДОМ намояд, фарз аз зиммаи ҳама СоҚИТ гардад. Вале, агар мусалмонҳо аз намози ҷаноза огаҳӣ дошта, касе аз ОНҲО ба намози ҷаноза ҳозир нагардад, дар он сурат масъулият ва гуноҳ барои анҷом надодани фарз бар зиммаи ҳамаи мусалмонони дар он маҳал буда, гузошта мешавад.

Намози ҷаноза ҷигуна барпо карда мешавад?

Дар намози ҷаноза рукӯъ ва суҷуд вуҷуд надорад. Дар ин намоз ният ва чор такбир мавҷуд аст. Тобутро бо ҷасади майит дар назди ҷамоат мемонанд ва имом рӯ ба рӯи синаи он меистад. Ҷамоат аз паси сари имоми рӯй ба сӯи қибла ниҳода саф мегиранд. Дар ният муайян намудани ба кӣ ҷаноза хонда мешавад, шарт ва зарур мебошад.

Ният кардам, бигзорам чаҳор такбироти салоти ҷанозаро, сано мар Худоро, дуруд мар Муҳаммади Мустафоро, савобашро бахшидам мар ин майити мутавафоро, вақте ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, ИҚТИДО кардам ба имоми ҳозиристода, холисан ЛИ-Л- Л.ҲИ Таъоло”.

Баъди анҷоми ният имом бо овози баланд, ҷамоат бошад бо садои паст ‘Аллоҳу Акбар” мегӯянд ва ин такбири аввал мебошад, сипас чун дар дигар намозҳо дастҳо гузошта мешаванд. Имом ва ҷамоат бо овози паст дуои “Субҳонака”-ро мехонанд. Силас, дастҳоро набардошта имом бо овози баланд ва дигарон бо овози паст “Аллоҳу Акбар” – такбири дуввумро мегӯянд. Силас, имом ва ҷамоат бо овози паст “Салавот”-ро мехонанд. Ҳамин тавр, дастҳоро набардошта, такбири сеюмро мегӯянд.

Сипас имом ва ҷамоат бо овози паст дуои намози ҷанозаро мехонанд. (Агар мутавафо мард бошад, дуо барои ин мард, агар он зан бошад дуо барои ин зан, агар писари ноболиғ бошад дуо барои писар ва агар духтари ноболиғ бошад дуо барои духтари ноболиғ хонда мешавад). Агар намозгузорон ин дуоро надонанд, пас дуои “Қунут”-ро мехонанд. Агар инро ҳам надонанд он вақт дуои “Раббанно отин٠”-ро мехонанд. Баъд дастҳоро набардошта, такбири чорумро мегӯянд, ҳеҷ чиз нахонда аввал ба тарафи рост, баъд ба тарафи чап салом медиҳанд.

Комментарии