Намози мусофир

Мо кай мусофир ҳисобида мешавем?

Мо агар аз ҳудуди шаҳри таваллуд ё иқомати худ ба мақсади сафар хориҷ гашта, (масофаи на кам аз 18 соат роҳро бо тариқи пиёда, қадами миёна) аз 90 км бешар масофаро тай намуда, бо мақсади камтар аз 15-рӯз истоданро ният кунем, мусофир ҳисобида мешавем.

Мусофирии МО аз кай шуруъ гардида ва кай анҷомёфта ҳисобида мешавад?

namozi_musofir

Мо замоне, ки аз ҷои доимии истиқоматамон берун шудем, мусофир ба шумор рафта, вақте ки ба маҳали зист расидем, мусофирҳисобида намешавем.

Дар роҳ мо чи тавр намоз мегузорем?

Роҳи сафар мушкилоти ба худ хоссеро дорад, аз ин рӯ ди ни Ислом ба мусофир баъзе сабукиҳоро дода аст. Намозҳои фарзӣ аз чор ракъат иборат бударо (пешин, аср ва хуфтан) мусофир қаср (яъне ду ракъатй) мехонад. Намозҳои фарз аз ду се ракъат (бомдод, шом) иборат буда, қаср хонда намешаванд. Агар вақти МО маздуд бошад, МО метавонем намозҳои суннатро нахонем. Агар мусофир барои гузоштани намозҳои суннат вақт дошта бошад, ӯ ин намозҳоро кӯтоҳ накарда пурра мехонад.

Дар сафар МО намозҳои бо ҷамоатро чӣ Гуна мегузорем?

Агар мусофир пушти сари имоми муқим намоз хонад, тамом бихонад.

Агар имом мусофир бошад, он касони муқиме, ки аз паси сари ӯ нияти намоз намудаанд, чй Гуна намоз мегузоранд?

Агар имом мусофир бошад, пас аз хондани ду ракаъат салом дода намозро тамом мекунад ва муқтадиёни муқимӣ бидуни салом додан баланд шаванд ва ду ракъатй дигарро бихонанд.

 

Комментарии