НАМУДҲОИ ПОКИЗАГӢ ДАР ҶИСМ – БАДАН

Покӣ (позагӣ) – ин покии ахлоқ, рафтор, либос ва муҳити атроф аз фасод мебошад. Ду намуди покизагӣ мавҷуд аст:

pokizagi Дар Ислом хун, пешоб, чирк (рим) ва ғ., ки дар онҳо микробҳо инкишоф меёбанд, нопок (ҳаром) ҳисобида мешаванд. Покии табиӣ – ин покии бадан, либос ва муҳити атроф мебошад. Барои риоя кардани покии табиӣ амалҳои зеринро бояд риоя кард:

а) Покии бадан пусти по аз таъсири арақ ва дигар чиркҳо нопок мегардад. Дар натиҷа микробҳо дар пӯст инкишоф ёфта, танро носолим мегардонанд. Воситаи беҳтарини тозакунии пӯст аз чирку микробҳо собун ва шампун мебошад. Бинобар ин, барои нигоҳдории неъмати бузурги Худованд
– саломатӣ бояд дар як ҳафта як маротиба оббозӣ (ҳаммом) кард. Ғайр аз ин, пеш аз ҳар ибодат бояд баданро аз пешоб, наҷосат, хун ва рим тоза намуд

б) Тозагии дастон:  бештар бо дастон кор мекунем, бинобар ин нисбат ба дигар узвҳои бадан онҳо бештар ифлос мешаванд. Чирки дастон макони микробҳо шуда, бо хӯрок метавонанд ба организм ворид гардида, боиси беморй шаванд. Аз ин рӯ барои нигоҳдории саломатӣ пеш ва баъд аз хурдани таом бояд дастонро бо собун шуст. Инчунин ҳангоми аз ҳоҷатхона баргаштан низ дастонро шустан зарур аст.

в)   Тозагии руй: руй низ ба мисли дастон ҶОИ бештар чиркин мешудагй мебошад.

Шустушӯи он мондагӣ ва дарди сарро бартараф намуда, ба мо сабукӣ ва намуди тоза мебахшад. Бинобар ин рӯйро зуд – зуд шустан лозим аст.

г)  Тозагии даҳону дандонҳо: боқимондаи таом асосан дар дандонҳо ва Х0ЛИГИҲ0И он дармемонад. Агар зуд-зуд дандонҳоро тоза накунем, боқимондаҳои ғизо боиси афзоиши микробҳо шуда, сабаби пайдоиши кариес ва бӯи бади даҳон мегарданд. Дардонҳои бемор дар навбати худ боиси касалиҳои бодомакҳо, меъда, дил ва дигар узвҳои дохилӣ мешаванд. Барои ҳамин шуда, дандонҳоро на камтар аз2- маротиба дар 1 – рӯз бояд шуст.

д) Тозагии пойҳо. Пойхо тамоми вазнинии бадани моро бо худ мебардоранд. Пӯшидани пойафзол боиси арақкунии пойҳо ва мобайни ангуштҳои он мегардад. Бинобар ин мо бояд П0ЙҲ0 ва мобайни панҷаҳои пойро доим шуста ва барои аз касалиҳои замбурӯгй эмин будан пойҳоро доим баъд аз шустан хушк кунем, ҷӯробҳои тоза ва пойафзоли тоза пӯшем.

е) Тозагии нохунҳо: гигиенаи дасту пой бо тозакунии нохунҳо ба охир мерасанд. Бояд дар назар дошт, ки чирки зери нохунҳо дорои микробҳои зиёданд. Дастон доим бо даҳон, бинй, чашм ва дигар узвҳо расида меистанд. Барои ҳамин нохунҳо барои ин узвҳо хатари калон доранд.

ж)   Ба ҳоҷатхона рафтан: тозашавӣ аз риояи Қ0ИДаҲ0И ба ҳоҷатхона рафтан сар мешавад. Барои нигоҳдории саломатӣ ва ибодати дуруст Қ0ИДЭҲ0И рафтан ба ҳоҷатхонаро бояд риоя намуд. Пеш аз ба ҳоҷатхона даромадан бояд гуфт:

“Аллоҳумма иннӣ аъузубика мина-л -хубси ва-л-хабоиси” – “Ё Аллоҳ Ман ба Ту аз фасод ва аз ҳамаи Н0П0КИҲ0 паноҳ металабам!”.

Пас аз ҳоҷатхона баромадан бояд гуфт:

“Ёуфронака, Алҳамдулиллоҳиллазий азҳаба ъанна-л-азо ва ъафоний”.

«Ё Аллоҳ, маро бубахш! Хамд Худоеро, ки маро аз он чи ба ман зарар дорад, тоза намуд ва ба ман саломатӣ намуд!».

з)   Тозагии либос: либосе, ки моро аз сардию гармӣ муҳофизат мекунад, бо мурури вақт ифлос шуда, ба мо ва атрофиён зарар мерасонад. Барои дур шудан аз микробҳо бояд доимо либосҳоямонро шуем.

и)   Тозагии ғизо ва нӯшокӣ: микробҳо асосан ба организми МО ба воситаи нӯшокиҳо ва ғизо меафтанд. Барой нигоҳ доштани саломатй мо бояд танҳо меваю сабзавотҳои шустагиро истеъмол намоем. Инчунин ба тозагии дегу табақу коса, ғизо ва нӯшокӣ диққати ҷиддӣ диҳем.

к)      Тозагии муҳити атроф: тозагии муҳити атроф аз тозагии хонаи мо, кӯча, маҳалла, мактаб, ҳамаи он чи ки моро иҳота кардааст, то тозагии ҳавое, ки мо нафас мекашем вобастагй дорад. Тозагии муҳити атроф барои саломатии инсон ва тамоми мавҷудоти зинда хело муҳим аст.

Инчунин мо бояд муҳити атрофро тоза нигох дорем, то ки дигаронро норохат нагардонем. Дини Ислом инро талаб менамояд. Пайгамбар (с) мегӯяд: «Шахсе дар рохбо шохаи хоре пешпоро хурда, онро як тараф гузошт. Аз ҳамин сабаб Аллоҳтаъоло аз ӯ розй шуд ва уро бахшид». (Муслим).

Комментарии