Навъҳои Рӯза

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ба 4-навъ тақсим мешавад, аз ҷумла:

  1. Рӯзаи фарзӣ;
  2. Рӯзаи Воҷиб;
  3. Рӯзаи Нафл;
  4. Рӯзаи Макрӯҳ;

navhoi_ruza

 Рӯзаи фарзӣ ин:

  1. Рӯзаи моҳи рамазон;
  2. Рузаи қазои моҳи рамазон;
  3. Рӯзаи каффорати моҳи рамазон.

РӮЗАИ ВОҶИБ ИН:

  1. Рӯзаи назрӣ:
  2. Қазои рӯзаи нафл.

РӮЗАИ НАФЛ ИН:

Паёмбари мо ғайр аз моҳи рамазон дигар рӯзҳо низ рӯза мегирифт ва ба саҳобагонаш тавсия менамуд, ки ин рӯзҳро рӯза доранд. Баъзеи ин рӯзҳо инҳоянд:

  • Рӯзаи рӯзҳои нуҳум ва даҳум ё даҳум ва ёздаҳуми МОҲИ Муҳаррам;
  • Рӯзаи шаш рӯзи МОҲИ Шаввол баъд аз Рамазон:
  • Рӯзаи рӯзҳои Душанбе ва панҷшанбе;
  • Рузаи сенздаҳум, чордаҳум ва понздаҳуми моҳҳои қамарӣ;

Як руз пас рӯза доштан, дар ҳамаи моҳҳо гайр аз МоҲИ Рамазон (рӯзаи Довуди Паёмбар).

Рӯзаи макруҳ:

Ин рӯзаҳое мебошанд, ки бо ягон сабаб доштани онҳо макрӯҳ аст. Ин рӯзаҳо ба ду қисм тақсим мешаванд:

  1. Рӯзаи макрӯҳи таҳрими:
    • Рӯзи аввали иди Рамазонро рӯза доштан:
    • Рӯзҳои иди Қурбонро рӯзадоштан.
  1. Рузаи макрӯҳи танзиҳи
    1. Рузи Ошуроро ба танҳоӣ рӯза доштан (рӯзи даҳуми Муҳаррам)
    2. Рузи джумъа ё шанбе ба танҳоӣ рӯза доштан.

(Агар рӯзи нумъа, шанбе ё Ошуроро бо як рӯзи пеш ё як рӯзи баъд аз он дар якҷояги рӯза дорем, пас рӯза доштани ин рӯзҳо макрӯҳ нест).

РӮЗАИ ҚАЗОӢ

Рӯзаи қазои чист?  Қазои рӯзаҳои фарзиро, ки бохатогй фосид шудаанд ё дар вақташ адо нашудаанд, рӯзаи қазоӣ меноманд.

Дар ҳамаи рӯзҳо баъд аз М0ҲИ Рамазон, гайр аз рӯзҳое, ки дар он рӯза доштан макрӯҳи танзиҳӣ аст, рӯзаи қазоиро метавон гирифт.

 

Комментарии