НАХОСТАМ БА БОЗИИ У ХАЛАЛ.

Вақти намози пешин ё намози аср буд. Пайғамбари Худо (с) набераҳояш Ҳасан ва Хусайнро дар болои кифтҳои мубораки худ шинонида ба масҷид омад, у (с) ба меҳроб расид, Ҳасан ва Ҳусайнро ба рӯи фарш гузошт, баъд такбири иқомат гуфта, ба намоз шурӯъ намуд. Саҳобагон низ барои намозхонй омода шуданд. Ҳазрати Пайғамбар (с) дар вақти ин намоз саҷдаро аз вақти муқаррарй бештар идома дод. Дар ҳамин ҳолат яке аз наберагони у (с) дар китфи мубораки Пайғамбар (с) бозй мекард.

Баъди он ки намоз ба охир расид, саҳобагон гуфтанд:

Эй Расулуллоҳ (с)! Вақте ки Шумо саҷдаро дуру дароз мекардед, МО гумон кардем, ки ба Шумо чизе рӯй додааст, ё ин ки барои Шумо ваҳй омадааст.” Пайғамбар (с) ҷавоб дод: “Чунин нашудааст. Танҳо набераам рангами сачба болои китфи ман баромад. То вақте ки Ӯ нафаромад, ман дар ҳолати саҷда мондам. Шитоб накардам, то ки ба бозии уро хапал нарасонам”. (Насой. Татбиқ, 82).

Комментарии