Одоби масҷид

Ворид гардидан ба масҷид одоб ва  тартиби худро дорад ва риояи онҳо барои ҳамаи шахсони ба масҷид омада ҳатмӣ мебошад:

mechet_etiket

  1. Ба масҷид бо таҳорат ва бо пои рост даромадан.
  2. Аз масҷид ба пои чап баромадан.
  3. Бо пойафзол ва ё ҷуроби чиркин дар рӯи ҷойнамоз ва гилемҳои масҷид гаштан мумкин нест. Ҳангоми ба масҷид даромадан пойафзолро кашида, бо иззату икром вориди он мегарданд.
  4. Амалҳое, ки боиси нороҳатии атрофиён мегарданд, нодуруст мебошанд, аз он ҷумла пеш аз даромадан ба масҷид хӯрдани пиёз, сирпиёз, кашидани сигор ва нос манъ аст.
  5. Ҳангоми нишастан бояд рӯй ба сӯи Қибла бошад. Дар масҷид пойҳоро кушод монда нишастан, дод задан, матал намудан, дар мавзӯи дунё сӯҳбат намудан манъ мебошад.
  6. Агар дар масҷид қироати Қуръон карда шавад ва ё ки вазъ гӯянд бо эҳтиромона нишаста гӯш намудан зарур аст.
  7. Шахсони деромада дар ҶОЙҲОИ наздики холй нишаста, набояд ба сафҳои пеш ҳаракат намоянд, то ин ки дигар намозгузоронро нороҳат нагардонанд.

Комментарии