ПОКИИ АХЛОҚ

Покии ахлок, покии дил, ҳис ва тинатро дар бар мегирад.

Покии ахлоқ аз 2 қисм иборат аст:

а) Покии қалб: Ҷамъияте, ки асоси онро шахсони фитратан ва ахлоқан пок ташкил мекунанд, хушбахт ва бобаракат аст. Барои он ки ҷамъияти мо хушбахт гардад, мо вазифадорем, ки аз манъкардаҳои Худо: худпарастӣ, бодапарастӣ, дурӯғгӯӣ, риёкорӣ, хасадхӯрӣ, тӯҳмат, рафтори ношоиста, одати бад ва ғайра дили худро пок нигоҳ дорем. Аз такаббур, ҳақир шуморидан, нафрат, бадбинӣ, бояд дурӣ ҷӯем. Дар ояи муборак гуфта шудааст: «Дар ҳар он касоне аз азоб халос мешаванд, ки рӯҳу калби худро тоза намудаанд». (Сураи Шамс-9).

sezd_musulmanok

Тозагӣ ва солимӣ

Либос озода пӯшу тоза мебош,
Ки мардум офарини ту бигӯянд.
Агар чиркин бигардй назди мардум,
Яқин медон, ки аз ту даст шуянд. Такаббур,

Ҳам дурӯғӯӣ бефурӯғат,
Нишони чирки ботини ту ҳастанд,
Саломат хоҳӣ аз ИНҲ0 бипархез,
Ки мардони Худо з-ин ҳар ду растанд.

Нарав бар ҷойҳои гажду нопок,
Макун олуда атрофи худатро,
Ба пешат гир ин панди азизон,
Ки бошад солимй аз тозагиҳо!

Ҳазар кун аз ҳама олудагиҳо,
Бисӯзон чиркҳоро андар оташ,
Худат озодаю атроф тоза,
Нафас каш аз ҳавои софу беғаш.

 

Пайғамбар (с) фармудааст:

«Дониста бошед, ки дар тан пораи гӯште ҳаст. Агар ин пораи гӯшт солим бошад, тан солим аст ва агар ин пораи гӯшт мариз бошад, тан мариз аст. Ин пораи гӯшт дил мебошад».

б) Покизагӣ дар вақти расму маросимхо: ин таҳорат ва ғусл дар вақтҳои лозимӣ мебошад. Бо ибораи дигар гӯем, ин дур кардани он монеаҳоест, ки садди ибодат мегарданд. Яъне покӣ аз ҳадас, ки онро нопокии қалбу рӯҳ гӯянд.

Комментарии