ҚУДРАТИ АЗРОИЛ

Чӣ гуна фаришта Азроил, алайҳи-с-салом, дар як вақт метавонад рўҳи ҳазор шахсро қабз намояд?

Дўстони азиз! Инро шумо низ бояд бидонед. Биёед рў-ҳамонро дар шакли як чароғаки барқии фурўзон тасаввур менамоем ва маргро – монанди онро хомўш кардан. Ҳамаи симҳои ба хонаи мо дароянда ба як истгоҳи барқӣ васл карда шудааст. Ҳоло тасаввур намоед, ки агар муҳандиси корман-ди он ба коргарони худ дар бораи хомўш намудани қувваи барқ дар як ноҳияи шаҳр фармон диҳад, чӣ воқеа рух меди-ҳад? Вақте ки коргар ин фармонро иҷро мекунад, дар як лаҳ-за дар ҳазорон хонаҳо чанд ҳазор чароғак хомўш мегардад.

azroil_farishta

 Ҳамин гуна рўҳҳои мо бо симҳои диданашаванда бо туг-мачаҳое пайвастанд, ки идора кардани онҳо дар ихтиёри фаришта Азроил, алайҳи-с-салом, қарор дорад. Ва бо як ҳа-ракати ангушти ў дарҳол ҳазор рўҳ метавонад ҷасади худро тарк кунад.

Ба ғайр аз ин, дар тобеияти Азроил, алайҳи-с-салом, мил-лионҳо фариштагони дигар ҳозиранд. Ва ягон мушкилие ву-ҷуд надорад, ки онҳо дар як вақт бо фармони Азроил, алай-ҳи-с-салом, рўҳи садҳо ҳазор ҷони зиндаро қабз намоянд.

Комментарии