ҚУВВАИ ОБ

Фарид дар вақти хӯрдани наҳор донаи зайтунро аз як канори табақча ба дигар канорион меронд. Дар вақтҳои охир ӯ зуд

  • зуд ба ҳолати ғамгинй ва ЗИҚӢ гирифтор мешуд, ки сабабашро ҳеҷ намефаҳмид. Дар ин СОЛ ӯ ба синфи ҳашт гузашт ва ҳис мекард, ки дар бадан ва хулқу атвори ӯ тағйиротҳо пайдо шудаанд. Нохост қадаш зуд баланд шуд, овозаш ғафс шуд, дар болои лаби боло мӯйҳои сиёҳ, пайдо шуданд. Мисли пештара Ӯ кам – кам бачагй мекард. Вале оҳиста-оҳиста ҳиссӣ калонсолй дар ӯ ғалаба кардан гирифт ва одатҳои бачагонаи ӯ дар назараш нофорам менамуданд. Ин мухолифатҳои ботинй ӯро ором намегузоштанд, бисёр фикр мекард, хаёлҳои рангин ӯро гоҳо аз воқеият дур мекарданд.
  • У ба нохост бо шунидани овози падар аз ҷой як қад парид:

- Фарид ту боз дар ягон “дурй” ҳастӣ, писарам. Субҳонаи худро хӯр.

sila-vody-dlya-zhizni

Агар таъхир кунй аз дарс дер мемонй.

Фарид аз “дунёи хаёлӣ”-и худ баромада, ҷавоб дод:

- Оромг бош падар, мана намемонам.

Ҳамаи ин тағйи- ротро падар барвақт ҲИС карда буд ва мехост бо Фарид аз таҳти дил сӯҳбат намояд.

- Модару

хоҳарат имрӯз бегоҳ ба меҳмонӣ ба хонаи холаат, мераванд. Мо бошем, падару писар, имрӯз

бегоҳиро ЯКҶ0Я мегузаронем аз таҳти дил сӯҳбат мекунем.

Чанд масъалаи муҳим аст, ки ман мехостам дар бораи ОНҲО бо ту ин бегоҳ сӯҳбат намоям.

Фарид чуздонашро гирифта, ба кӯча тохт. Удар роҳ фикр мекард ва намедонист, ки падар дар бораи чй мехоҳад бо ӯ сӯҳбат кунад. Фарид қадамҳояшро тез- тез намуд то аз мактаб дер намонад ва аз муаллими ҷуғрофия Ирфонбой барои дермониаш танбеҳ нагирад.

Фарид ба синфхона даромада бо рафиқонаш аҳволпурсӣ кард ва дар қатори охир нишаст. То омадани муаллим бачаҳо, дар бораи бозии футбол, чӣ хел зада шудани гол, якравии доварон, 11 – метрае, ки ҳато рафта буд, хулоса дар бораи чизҳои  нолозим сӯҳбат мекарданд.

Замоне, ки Ирфонбой дар назди дар намудор шуд, мағал нест шуд. Дар синфхона чунон оромй ҳукмфармо буд, ки ҳатто садои парвози паша шунида мешуд. Муаллим Ирфон – марди фарбеҳ, ки бори айнак парраҳои бинии ӯро ҳам карда буд, метавонист бо як нигоҳ ба сӯи талабагони ошӯбангез тартиботи лозимиро дар синфхона барқарор намояд. Ӯ ҳеҷ касро намеранҷонид ва иҷозат низ намедод, ки тартибот дар вақти дарсҳо вайрон шавад. Агар Худо накунад, ки ӯ касеро сарзаниш карда бошад, то охири дарс вақти муносиб ёфта бо ӯ ошти мекард ва хафагиро аз дилаш мебаровард.

Фарид, ки хобро дӯст медошт дар паси ҳамсинфони худ ҷои худро дар қатори охир муайян карда буд. Ҳамин ки овози Ирфон баланд шуд ҳамаи планҳои у барбод рафтанд.

  • Фарид! Писарам, барои чӣ ту дар қатори охирон нишастай? Анна чӣ қадар ҷой дар пеш ХОЛӢ! Фарид аз барон гурехта ба жола зад. Бо дили нохоҳам ӯ ба пеш гузашта дар қатори якум нишаст. Ирфонбой бо овози баландаш ба фаҳмонидани дарс, шурӯъ намуд:
  • Гӯш диҳед бачаҳо! Имрӯз ман ба шумоён дар бораи қувваи об нақл мекунам. Ин нақл дар бораи обест, ки шакли зарферо мегирад, ки дар он рехта шудааст, обест, ки оромона ба В0ДӢ ҷорӣ мешавад, оби мулоими шаффофу хунук ва боз ин ҳамон обест, ки шилдиросзанон аз миёни кӯҳҳо ҷорӣ мешавад.

Дар навбати аввал шумо бояд донед, ки бе об ҳаёт дар рӯи замин вуҷуд надорад. Одам метавонад, ки якчанд рӯз бе хӯрок зиндагй кунад, аммо бе об зиёда аз се рӯз зиндагй карда наметавонад. Офаридагор ба МО хабар медиҳад, ки ӯ ҳамаи махлуқотро аз об офаридааст. Иқлим ва ивазшавии боду ҳаворо, МО метавонем системаи ҳавотозакунии замин номем, ки дар зери таъсири маҷроҳои океанй ба вуҷуд меоянд. Қатрачаҳое обе, ки дар зери таъсири нурҳои офтоб бухор мешаванд, абрҳоро ташкил медиҳанд. Абрҳо баъзан ҳазорҳо километр масофаро тай намуда ба кӯҳҳо ва ҷангалҳои дурдаст рафта мерасанд ва ба ҳама ҳайвоноту растаниҳо ҳаёт мебахшанд. Ҳамаи мавҷудоти зинда бо об алоқаманданд.

Яке аз фаъолони синф, Фарид даст бардошта чизеро пурсон шуд:

  • Муаллим, он чизеро ки шумо нақл кардед, МО дар дарсҳои биология ва сохти одам гузашта будем. Ҳамаи организмҳо мавҷудияти худро аз як ҳуҷайра сар карданд ки қариб пурра аз об ташкил ёфта аст. Ман мехоҳам, ки дар ин бора бешар маълумот дошта бошам.

- Ташаккур Фарид, чи хеле, ки гуфтй шохаҳои илм ба якдигар муқобил нестанд. Аллоҳ таъоло ин дунёро чунин офаридааст, МИЛЛИ0НҲ0 СОЛ аст, ки замину осмонро бо қонунҳои худ бе ягон зиддияту муқобилият идора мекунад. То ин дам дар бораи қувваи об сухан гуфтани мо танҳо тарафҳои фоидабахшу гуворои онро дар назар доштем. Лекин дар он “хислат’’-ҳои саркашй, пурталотумй ва хашмолудй низ дида мешаванд. Биёед дар ин бора сухан гӯем. Худатон дар бораи ин хислатҳои об фикр карда нақл кунед.

Дар синфхона дарҳол баланд шудани дастон шурӯъ гардид.

  • Обхези, сел, муаллим…

-Сунами…

-Эрозияе, ки дарёҳои тезҷараён ташкил мекунанд

Бурон ва туфон дар баҳр…

Вақте ки ҷавобҳо паи ҳам чун қатраи борон рехтан гирифтанд, Ирфонбой талотулаи баланди синфро хомӯш намуда, давом дод:

-Ҳамаи чавобҳои шумоён дурустанд, дӯстон. Дар охири дарси худ мо фаҳмидем, ки об кадом қувваҳоро дорост, вале ба қисми муҳимтари савол ана акнун омадем. Вақте ки мо сохти чисмонии заминро меомӯзем, мебинем, ки В0ДИҲ0, пӯштаҳо, кӯҳҳо дар натичаи таъсири об пайдо мешаванд. Дар об қуввае ҳаст, ки мондашавиро ҳис намекунад, якравию кӯшиши ҳазорсолаҳои он кӯҳҳои баландеро, ки аз сангҳои калону мустаҳкам шакл гирифтаанд, вайрон карда, онҳоро то сатҳи В0ДИҲ0 ҳамвору баробар мекунад. Дар резишгоҳои дарёҳои ба баҳрҳо резанда В0ДИҲ0И ҳосилхезе пайдо мешаванд. Ва шумо низ агар аз об ибрат гирифта, ҳамин хел мустаҳкам, богайрату матину пуртоқат бошед, он гоҳ масъалаҳои ҳалталаби шумо низ ҳал хоҳанд шуд, агар чи ОНҲО мисли кӯҳҳо НИҲ0ЯТ бузург бошанд ҳам об шуда, нест мешаванд.

Фарид ҳеч вақт интизор набуд, ки дарси ҷуғрофия ин адар шавқовар мегузарад. у саҳар вақте ки китоби чугрофияро ба чуздонаш мегузошт фикр мекард: «Дар ягон қат.ри охирон нишаста хоб мекунам». Омӯзиши харитаҳои нофаҳмои чугрофй, ахбори нофорам дар бораи минтақаҳои чуғрофй, ч.йҳои канданиҳои фоиданок, ч.йҳои зисти муайяни растанию ҳайвонҳ.и алоҳида, завқи Фаридро ба чуғрофия хунук намуда буд. Аммо дарси имрӯза фикрҳои ӯро дигар намуданд. Фарид ҳис намуд, дар дарёҳо, В0ДИҲ0, шаршараҳои кӯҳӣ, дар обе, ки аз мобайни панчаҳои дасти мо мерезад, ҳикмате ҳаст, ки қодир аст он моро роҳнамо гардад.

Вақте ки ӯ ба хона омад, аз ошхона бӯи болаззати моҳибирён ба мошомаш зад. Падару писар бо ИШТИҲ0 моҳӣ ва хуришҳои тару тозаро истеъмол намуданд. Падар хуб медонист, ки Фарид шириниро дӯст медорад. Бинобар ин аз магозаи ҚЭН0ДДӢ харидани кулчақанди бомаззаро барояш фаромӯш накарда буд. Дастурхонро чамъ намуда, косаву табақро шӯста, онҳо ба зал барои чойхурй гузаштанд. Фарид то ҳол фикр мекард ки дар бораи чй падараш мехоҳад бо Ӯ сӯҳбат кунад. Падар низ интизор буд, ки шароити мусоиде барои сӯҳбат пайдо шавад.


– Нигоҳ кун Фарид, одамон таваллуд шуда калон мешаванд, давраи кӯдакию чавониро аз сар гузаронида, калонсол мешаванд, пир шуда сипас мефавтанд. Ту ҲОЛО 15 – СОЛ дорй. Ту дар ҳамон синну соле қарор дорй, кй бо кӯдакӣ хайрухуш карда ба чавонию балотат қадам мегузорй. Тагйиротҳое, ки дар ту рух дода истодааст, ману модарат низ мебинем. Чй қадаре, ки МО Аллоҳ таъолоро ситоиш накунем ин ҳоло ҳам кам аст. Мо туро ва хоҳарчаатро – ду фарзанди солимро дороем. Писарам! Ин ч٥ ҳеҷ ЧОИ тарсу ҳаросе нест. Баъди чанд вақте ҳаячону изтироб дар тану ДИЛИ ту ором мегардад, ту мебинй, ки чавонй низ мисли кӯдакӣ зебо аст. Дар ин вақт ту баъзан хобҳои ҳархела мебинй, ҲИС мекунй, ки чойхоби ту каме тар шудааст. Дар ин ҳолат бояд таҳорату тусл кунй. Давраи ба балотатрасй ин замонест, ки бояд ту ба анҷом додани вазифаҳои динии худ шурӯъ намой. Бусл бошад шарти аввалин ва ҳатмии ҳамаи ибодатҳо мебошад. Барой тусл намудан бояд даҳону биниро шӯста, баъд ҳамаи баданро бо об бояд шӯст, то он даме ки ягон ҶОИ хушк дар бадан намонад. Аз ману модарат, метавонй ҳамаи ЧИЗҲ0И нофаҳморо дар ин бора пурсй.
Падар як қурт ЧОЙ нушида ба сухан гуфтан шурӯъ намуд:

- Ва фаромӯш накун, МО доим аз ту ва корҳо неки ту миннатдорем, гуфта, падар сухани худро ба охир расонид. Фарид ба суханони падараш бодиққат гӯш додугуфт:

- Ташаккур, падар. Худо аз шумо розй бошад. Сипае Фарид дар ин бора фикр карда ба ҳаммом даромад. Аввал нияти вузӯро барои хондани намоз карда, баъд вузу намуд. Вақте ки обро ба биниаш кашид, каме ноҳинчориро ҲИС намуд. Баъди ин Ӯ тани худро бо собун покиза шуст. Сипае халати дарозро пӯшида ба ҳуҷраи худ гузашт. муяшро шонакунон дар бораи дарси ҷуғрофия фикр намуд. Сухан дар бораи қувваи об мерафт. Аммо як тарафи савол бечавоб монда буд. Маълум мешавад, ки об на танҳо ҷаҳони зоҳирӣ, инчунин ҷаҳони ботинии моро ташаккул медодааст.

Фарид тусли худро ба Ҷ0 оварда, ба фикрҳо тутавар шуд. Маълум мешавад, ки тусл на фақат тан, балки рӯҳро низ пок менамояд ва яке аз ибодатҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ба ЧОИ хоб даромада, Фарид нохост худ ба худ андеша намуд: «Ман ҲОЛО дар бораи қувваи об бештар фаҳмидам». Баъди чанде Ӯ орому осуда ба хоб рафт.

Комментарии