Рӯза чист?

Рӯза  (руза) – ин рӯзона аз хӯрдану нушидан ва ҳамбистарй худдорй намудан, аз дамидани субҳи СОДИҚ, то Фуру рафтани офтоб мебошад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

«Эй касоне, имон овардаед, руза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунон, ки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд, то парҳезгор шавед!»

Руза ба ки фарз аст?

ruza_farz

Ҳарчанд, рӯза барои ноболиғон фарз нест, аммо ба миқдори тавоной, ки ба саломатиашон зарар нарасонад, руза гирифтан муфид аст. Ҳамин тавр кӯдакон аз хурдсолӣ ба рӯза оҳиста – оҳиста омухта мешаванд ва бо ҳамроҳии калонсолон хурсандии идро ЭҲСОС мекунанд.

Рамазон

  • Савол: Кай ва чигуна нияти рузаро мекунем?
  • Ҷавоб: Нияти рӯзаро бегоҳӣ ё пеш аз тулӯи офтоб ингуна мекунем: Ният кардам, рӯзаи МОҲИ Рамазонрогирам.
  • Ҷавоб: Агар МО ягон коре, ки рӯзаро ботил месозад, накардем, пас ниятро ба 45 дақиқа мондан то нисфирӯзй кардан мумкин аст.
  •  Савол: Агар шаб ният карданро фаромуш кунем чй бояд кард?
  •  Савол: Оё ниятро бо  забон гуфтан зарур аст?
  • Ҷавоб: Ният дар дил доштан кофирист ва чунин аз бегоҳ тасмим гирифтан, ки фардо рӯза мегиред ё фардоро бо рӯза мегузаронед кофист. Лекин агар ниятр талаффуз кунед – беҳтар аст.
  • Савол: Имсок чист?
  • Ҷавоб: Имсок -вақтест, ки шаб ба поён мерасаду субҳ дамидан мегирад. Ин вақти намози бомдод аст.
  • Савол: Суҳур чист?
  • Ҷавоб: То вақти имсокро суҳур мегӯянд. Инчунин хӯроке, ки ин вақт хӯранд, суҳур ном дорад.

Пеш аз субх дамидан дуо мустаҷоб аст, сухур хӯрдан барои рӯза доштан, ба МО хувват медихад. Паёмбари Худованд моро ба суҳур кардан амр менамуд:

«Саҳарӣ бихуред, зеро дар саҳарӣ хурдан баракат аст». (Бухорй, Савм, 20) Суҳур пеш аз субх дамидан мехӯранд, ин вахт аз осмон рахмати Худованд фуру меояд.

Суҳур – ин вақти бобаракат аст. Дар ин вақт шахсони боихлос дуо, зикр ва ибодат мекунанд. Ҳангоми ибодат онхо аз Парвардигори хеш ИЛТИҶ0 мекунанд: «Худоё! Ҳамду сано бар Ту, ки маро мусулмон офаридй. Ин лахзахо ман Туро парастиш дорам, то ба Ту харибтар гардам. Имрӯз барои ризои Ту рӯза мегирам. Пас аз ман розй бош, Парвардигорам».

Комментарии