ҲОЛАТҲОЕ, КИ РӮЗАРО ФОСИД НАМЕСОЗАНД

ramadan-festival-3

  1. Бо фаромӯши хӯрдан ё нӯшидан* ;
  2. Фуру бурдани пораи хӯрок, ки дар байни дандонҳо монда буд ва андозааш аз нахӯд хурдтар бошад;
  3. Оби даҳонро Фуру бурдан:
  4. Оби даҳонро пас аз мазмаза ФурУ бурдан:
  5. ФурУ бурдани чанг ё дуде, ки нохост ба даҳон ё бини расад;
  6. Даромадани об дар гӯш;
  7. Иҳтилом;
  8. Бусл (оббозй) кардан;
  9. Бар чашм дору чакондан;
  10. Бӯй кардани гулҳо ва атрҳо;
  11. Дандон кандан**;
  12. Нохост қай кардан;
  13. ФурУ бурдани қайи камтар аз пуррии даҳон;
  14. Чашидани таъми хӯрок бе фурӯбарии он*** ;
  15. Истифода бурдани чутка (щетка) бе хамираи дандоншуи Хунсупорй.

* Агар рӯзадор бо фаромӯшӣ хӯрд ё нӯшид ва ба ёдаш расид, ки у рӯзадор асту аз хӯрдан ё нӯшидан даст кашид, пас рӯзааш фосид нашудааст. Ӯ бояд даҳонашро мазмаза кунаду рӯзаашро давом диҳад. Агар ба ёди рӯзадор расад, ки у рӯза дораду аз хӯрдан ё нӯшидан даст накашад, пас рӯзаи у фосид мешавад ва қазои он воҷиб мегардад.

Паёмбар (с) фармудааст

«Касе, ки рӯзадор буда бо фаромӯшй чизеро хӯрд ё нӯшид, рӯзаи худро давом диҳад. Зеро Худованд ба вай ғизо ва об додааст».

Комментарии