Рузи Ҷумъа: 11- ҳадис

Ҷумъа муборак!: Табрикоти суръат, видео, ҳадисҳо ва аудио

Савол: Барои чӣ рӯзи ҷумъа ба мусалмонон рӯзи бузург ҳисоб меёбад?

Ҷавоб: Ҳар як рӯзе, ки Худованд – Парвардигори олам ато намудааст, бузург мебошад вале дар байни онҳо рузи ҷумъа мавқеъи махсусро соҳиб буда нисбати дигар рузҳо баландтар мебошад. Барои ҳамин ҳам дар Қуръони карим вобаста ба ин рӯз сураи махсус бахшида шудааст (62-юм), ки иборат аз 11 оят иборат аст.

Читавре ки маълум аст рӯзи ҷумъа аз бегоҳии панҷшанбе оғоз ёфта то бегоҳии рузи ҷумъа давом медиҳад. Яъне аз намози шоми рӯзи панҷшанбе то намози шоми рузи ҷумъа.

juma-muborak-3

Албата маълум аст, ки дар дини Ислом баъзе рӯзҳову моҳҳо хеле хусусияти воло доранд, ки яке аз ин рӯзҳо «Ҷумъа» мебошад ва вобаста ба муҳимиятии он дар ҳадисҳои Паёмбари Аллоҳ – Муҳаммад САВ омадааст:

  1. Дуруд бар Муҳаммад (САВ) – мегӯяд: Беҳтарин рӯзи Худованд ин рӯзи ҷумъа мебошад. Чунки дар ин рӯз Парвардигор, ҳазрати Одамро ато кард ва онро ҳамин рӯз ба Биҳишт дароварду аз он ҳамин рӯз баровард ва занги охирин дар ҳамин рӯз бонг хоҳад зад. (Аҳмади Термезӣ);
  2. Инчунин Муҳаммад (САВ) мегӯяд: Панҷ намозӣ ҳаррӯза аз як рӯзи намози ҷумъа то дигар намози ҷумъа сабабгори авф намудани гуноҳҳои шумо мегардад, агар дар ин вақт гуноҳи бузур содир нашуда бошад (Муслим);
  3. Муҳаммад (САВ) мегӯяд: Дар рӯзи ҷӯмъа чунин вақте ҳаст, ки дар он Аллоҳ ба ғуломи мусалмони худ, ки доимо дар ибодат асту аз Худованд илтиҷоеро металабат, ҳатман хоҳишаш иҷро хоҳад шуд (Ал Бухорӣ  ва Муслим);
  4. Расули Худо (САВ) мегӯяд: Ҳаркасе, ки сураи Каҳф (Ғор) – ро дар шаби Ҷумъа мехонад, пас ӯ соҳиби равшанӣ то хонаи Каъба мегардад.
  5. Инчунин ӯ мегӯяд: Беҳтарин рӯзи Шумо ин рузи Ҷумъа мебошад. Ҳарчиқадаре метавонед дар ин рӯз ба ман салавон равон намоед, барои ин ки салавотҳои шумо ба ман нишон дода хоҳад шуд (Абу Довуд);
  6. Муҳаммад (САВ) мегӯяд: Агар дар рузи ҷумъа мусалмон худро ғусл мекунаду худро бо хушбуиҳо муаттар месозад ва ба намози ҷумъа рафта намозхононро нороҳат намекунад  ва чиқадаре, ки метавонад ҳамон қадар тибқи супориши Аллоҳ ибодат мекунад ва хомуш шуда суханони Имомро гуш меандозад, пас гуноҳони вай ҳатман авф хоҳанд шуд (ҳамон гуноҳе, ки дар байни намозҳои ҷумъаи охирин содир шудааст) – Ал Бухорӣ;
  7. Муҳаммад (САВ) мегӯяд: Вақте, ки ҷумъа мешавад, пас ба дари масҷид Фариштаҳо ҳозир шуда шахсони ба масҷид кия кум, дуюм, сеюм ва ғайра дохил мешаванд, ба қайд мегиранд ва ҳамон замоне, ки Имом ба ҷойи худ менишинад пас Фариштагон бақайдгириро манъ карда китобашонро махкам мекунанду ба гуш кардан оғоз мекунанд. Шахсоне, ки ба намози ҷумъа барвақт ҳозир мешаванд, мисли оне, ки аввалин ҳозиршуда гӯё шутурро туҳфа карда бошад, дувумин гӯё говро, савумин гӯё мурғро, чорумин гӯё тухмро ва ба ғ.
  8. Сулайк рӯзи ҷумъа ба масҷид омаду дарҳол нишаст, ки он замон расули Худо – Муҳаммад (САВ) амри маъруф менамуд. Пас инро Паёбар (САВ) дида ба Сулак фармуд, ки 2-ракат намози кутоҳе гузорад ва ба ҳозирин тавсия намуд, ки ҳаркасе ба масҷид дар вақти амри маъруф намудан ҳозир мешавад пас 2-ракат намози ихтисоршударо хонаду пас нишинад (Муслим).
  9. ‏Муҳаммад (САВ) мегӯяд: Одамон бояд аз нахондани намози ҷумъа худро доимо канораҷӯӣ накунанд, вагарна Худованд дили онҳоро маҳкам мекунад ва онҳо минбаъд нолозима мешаванд (Муслим);
  10. Расули Худо (САВ) мегӯяд: Дар рӯзи ҷумъа вақте, ки Имом сухан мекунад ва Шумо ба шахсе агар «Ором ист» гӯед пас ин сухани пуч ҳисоб меёбад;
  11. Расули Худо (САВ) мегӯяд: Рузи ҷумъаи ояндаро барои ибодат интихоб накунед ва инчунин ин рӯзро барои гирифтани рӯза низ ният накунед (Муслим).

Комментарии