САҶДАИ САҲВ (Сачдаи сахв)

Сачдаи саҳв чист?

Ҳар гоҳ як воҷиб, ё якчанд воҷиб аз намоз ба фаромӯшй тарк шавад ва дар намоз ба ёд ояд, барои ҷуброни нуқсони намоз ба ҷо овардани саҷдаи саҳв (зарур) воҷиб мегардад. Масалан: Агар дар намози витр хондани дуои Қунут, ё ин ки хондани сура баъди “Фотиҳа” фаромӯш гардида бошад, барои ҷуброни ин хатоҳо ба ҷо овардани саҷдаи саҳв ҳатмист, яъне воҷиб аст.

Дар кадом ҳолатҳо саҷдаи саҳв воҷиб мегардад?

  1. Агар аз рӯи фаромӯшӣ дар адои яке фарзҳои намоз таъхир карда шавад, ба ҷо овардани саҷдаи саҳв лозим мегардад.
  2. Агар яке аз воҷиботи намоз, бо сабаби фаромӯшӣ ба ҷо оварда нашавад, ё ин ки дар вақташ ичро нагардад, барои ҷуброни ин хатоҳо ба ҷо овардани саҷдаи саҳв ҳатмист, яъне воҷиб аст.

sajdai_sahv

Намунаҳо барои ба ҶО овардани сачдаи саҳв:

ى Дар намози чорракъата, баъди ракъати сеюм нишастан ҷоиз нест. Агар мо ба фаромӯшй баъди ракъати сеюм нишаста “Ат- таҳиёт” хондем, дар ин ҳолат ба ҷо овардани саҷдаи саҳв лозим мегардад, чунки мо фарз – қиёми ракъати чаҳорумро ба таъхир андохтем.

ى Агар мо аз рӯи фаромӯшй пеш аз сураи “Фотиҳа” сураи дигареро хондем, ба ҷо овардани сачдаи саҳв зарур мегардад, чунки хондани сураи “Фотиҳа” пеш аз замми сура воҷиб мебошад.

ى Агар баъди сураи “Фотиҳа” хондани сура ё оятҳоро фаромӯш карда, якбора ба рукӯъ рафтем, рост шуда замми сура намудан ҷоиз нест, балки рукъӯ ва суҷуд намуда, дар охири намоз саҷдаи саҳвро ба анҷом мерасонем. Чунки баъди сураи “Фотиҳа” хондани сура, ё ОЯТ амри вочиб мебошад

ى Агар МО дар намози витр хондани дуои “Қунут”-ро фаромӯш карда, ба рукӯъ рафтем, дар ин ҲОЛ МО набояд барои хондани дуои “Қунут” ва ба ҷо овардани такбир бозгашт намоем. Мо бояд намозро мувофиқи тартиб идома дода, дар охир сачдаи саҳв кунем, зеро хондани дуои “Қунут” дар намози витр воҷиб аст

ى Агар дар вақти гузоштани намози чаҳорракъата ҷалсаи баъди ракъати дуюмро фаромӯш кардем ва чун барои хондани ракъати сеюм ба қиём бархестем, нохост ба хотирамон омад, ки нишастанро фаромӯш кардае, дар ин ҳолат бояд мо намозро идома диҳем. Сипас, дар охири намоз саҷдаи саҳвро ба ҶО меоварем, зеро баъди ракъати дуюм, дар намози чорракъата, нишастани аввал ва охир воҷиб мебошад.

Агар МО дар намоз якчанд саҳв карда бошем, бояд чанд саҷдаи саҳвро анҷом бидиҳем?

Агар дар намоз чанд саҳв содир гардида бошад ҳам, адои як сачдаи саҳв барои ҳамаи ОНҲО кофй аст.

Саҷдаи саҳв чй тавр ба ҷо оварда мешавад?

Дар ҷалсаи охир танҳо “Ат-таҳийёт”-ро хонда ба ҳар ду тараф салом медиҳад. Сипас “Аллоҳу Акбар” гуфта, саҷда намуда ва се маротиба “Субҳона Раббия-л-аъло” мегӯяд, баъд ба чалсаи байни саҷда менишинад ва боз “Аллоҳу Акбар” гуфта сачда мекунад ва боз се маротиба “Субҳона Раббия-л-аъло” мегӯяд. Сипас, “Аллоҳу Акбар” гуфта ба ҷалса мешинад ва “Ат-таҳийёт”, “Салавот”, “Аллоҳуммагфирлӣ”-ро хонда ба ҳар ду тараф салом медиҳад. Ҳамин тавр сачдаи саҳв ба ҷо оварда мешавад.

 

Комментарии