САҶДАИ САҲВ

Саҷдаи саҳв – ин таъзими заминӣ барои ба ислоҳ овардани он хатоҳои ҷузъие аст, ки дар вақти намоз гузоридан бо сабаби беаҳамиятӣ, фаромўшӣ ё танбалӣ ба он роҳ дода шудааст.

 Саҷдаи саҳв дар се ҳолат анҷом дода мешавад:

  1. Нодуруст иҷро кардани фарз (рукне аз рукнҳои намоз).
  2. Воҷиберо тарк намудан.
  3. Воҷиберо нодуруст иҷро кардан.

salomi_namozДар қаъдаи ахир ҳангоми тамом шудани намоз баъди хондани «ат-Таҳиййот» ба тарафи рост салом додан зарур аст ва баъд аз он ду саҷда (таъзими заминӣ) ба ҷо оварад (дар вақти намози ҷамоат низ танҳо ба тарафи рост салом дода мешавад). Пас аз он боз «ат-Таҳиййот», сипас «Аллоҳумма салли », «Аллоҳумма борик» ва «Аллоҳумма-ғфир лӣ» хонда мешавад, сипас ба тарафи росту чап салом медиҳад. Баъди он хатоҳои намоз ислоҳшуда ҳисобида мешавад.

 СЕ ОЯТИ НИҲОИИ СУРАИ «АЛ-ҲАШР»,

КИ ХОНДАНИ ОН БАЪДИ НАМОЗҲОИ САҲАРӢ

ВА БЕГОҲӢ ПИСАНДИДА АСТ

Комментарии