ШИРК ОВАРДАН БА ХУДОИ ТАЪОЛО

Ширк - ин овардани шарик ба Аллоҳ Таъоло ва парастидани он дар баробари ӯ Таъоло, яъне Худо пиндоштани он, мебошад. Ҳар гуна предмет ё ҷондоре мисли одам, офтоб, моҳ, пайғамбар, шайх, ҷин, ситора, волӣ ва монанди инҳо метавонанд ба ҳайси худо пиндошта шаванд. Аллоҳ Таоло дар бораи ширк чунин мегӯяд:

«Ба дурустӣ, Худо онро, ки барои ӯ шарик муқаррар карда шавад, намеомурзад; ва ғайри он ҳар киро хоҳад, меомурзад» (ан-Нисо, 48).

«Ба дурустӣ касе барои Худо шарик муқаррар мекунад, Худо биҳиштро бар вай ҳаром кардааст; ва ҷои ӯ дузах аст» (ал-Моида, 72).

«…Ба Худо шарик муқаррар макун! Ба дурустӣ ки ширк ситаме бузург аст» (Луқмон, 13).

Тақдири одаме, ки дигар худоёнро мепарастад ва шахсе, ки мушрик мурдааст, – оташи дӯзах мебошад.

shirk

Аммо одаме, ки ин дунёро бо имони комил дар дил тарк кардааст, ба ҳамаи он гуноҳон ва азобе, ки мебинад нигоҳ накарда, ба ҷаннат хоҳад даромад.

Аз Пайғамбар (с) ривоят мекунанд: «Оё намехоҳед бидонед, ки бузургтарин гуноҳ кадом аст? Ин ширк аст!»[1]

Дар ҳадиси дигар Пайғамбар (с) мефармояд: «Аз содир кардани ҳафт гуноҳи марговар эҳтиёт бошед» ва зимни онҳо ширкро номбар кард.[2]

Дар ҳадиси дигар Пайғамбар (с) мегӯяд: «Агар мусулмон динашро дигар кунад, ӯро бикӯшед»[3]

Ҳадиси дигарро Абӯ Бакри Сиддиқ (р) ривоят мекунад. Рӯзе Пайғамбар (с) ба асҳоб гуфт: « Оё намехоҳед бар шумо бигӯям, ки кадом гуноҳҳо гаронтаранд?» ва ин суханро се маротиба такрор кард. Онҳо гуфтанд: «Албатта эй Расули Худо!» Пас ӯ бигуфт: «Ин ишрк ва саркашӣ аз фармони падару модар аст», баъд аз он аз ҷой хеста, якчанд бор илова намуд: «Мо маҷбур будем, ки бигӯем: «Эӣ кошкӣ ӯ аз гуфтани ин суханҳо бозистад».

[1]      Бухорӣ, Китоб-уш-Шаҳодат, 2654; Муслим, Китоб-ул-Имон, 87

[2]       Бухорӣ, Китоб-ул-Васоё, 2766.

[3] Абӯ Довуд, Китоб-ул-Ҳудуд, 4351; ан-Насоӣ, Китобу Таҳрими-Д-Дам, 7/103; Ибни Моҷа, Китоб-ул-Ҳудуд, 2535; Муснад, 1/282.

Комментарии