СИФАТҲОИ ХУДО

Худо 2-намуди сифат дорад ки иборат аз сифати “Зотӣ” ва сифати “Субутӣ” мебошад.

  • Сифатҳои Зотӣ (онҳо танҳо ба Ў мансуб аст):

Oнҳо 6 тоанд.

xudo-sifat

    1. ал-Вуҷуд: Маънои мавҷуд буданро дорад. Худои Таъоло ҳамеша мавҷуд аст ва иродати Ў дар ҳама ҷо ҳозир аст.
    2. ал-Қидам: Маънои бе ибтидо мавҷуд буданро дорад. Худои Таъоло бе ибтидо вуҷуд дорад. Ў ҳамеша буд. Ў зода нашудааст.
    3. ал-Бақо: Маънои бе интиҳо мавҷуд доштанро дорад. Дар вуҷуд доштани Худои Таъоло интиҳо нест. Ў намиранда аст.
    4. ал-Ваҳдоният: Ягонагиро ифода мекунад. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ин сифатҳоро, ки мансуби Худо аст, доро нест. Чизе Худоро баробару монанд набошад.
    5. Мухолифатун ли-л-ҳаводис: Маънои аз халқшудагон фарқ карданро дорад. Худои Таъоло ба ҳеҷ чизи офари-даи Худ монанд нест.
    6. ал-Қиём би Нафсиҳи (Қиём би Зотиҳи): Маънои худ ба худ вуҷуд доштанро дорад. Худои Таъоло Худ мавҷуд аст ва Ў ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надорад. Танҳо ҳама чизи халқшуда ба Ў эҳтиёҷ дорад.

Б – Сифатҳои Субутӣ:

Oнҳо 8 тоанд.

  1. ал-Ҳай: Маънои зинда буданро дорад. Худои Таъоло зинда аст ва ҳаётро фаро мегирад.
  2. ал-Илм: Маънои донанда буданро дорад. Худои Таъоло ҳамаро медонад.
  3. ас-Самиъ: Маънои шунаванда буданро дорад. Худои Таъоло ҳама чизро мешунавад.
  4. ал-Басир: Маънои бинанда буданро дорад. Худои Таъоло ҳама чизро мебинад.
  5. ал-Ирода: Маънои иродат кардани ҳар чизро дорад. Худои Таъоло дар иродат ва мақсадҳои Худ озод аст.
  6. ал-Қудрат: Маънои тавоноро дорад. Қувва ва Тавоноии Худои Таъоло бар ҳамаи махлуқот ҳукмфармо аст.
  7. ал-Калом: Маънои суханро дорад. Худои Таъоло бо ҳар касе хоҳад ва бо ҳар усуле хоҳад, сухан мегўяд.
  8. ат-Таквин: Маънои офаринишро дорад. Ҳар чизе, ки дар замину осмонҳо мавҷуд аст, Худои Таъоло офаридааст.

Комментарии