Суннат чист?

Суннат: амалҳое мебошанд, ки Пайғамбар (с) иҷро кардааст ва ба мо ҳам маслиҳати иҷрои онро додааст.

itobi_quron

Ду намуди суннат мавҷуд аст:

а)  Суннати муаккада: суннати муаккада он чизест, ки Пайғамбар (с) тарк накарда ҳамеша иҷро мекард. Масалан, суннатҳои намозҳои бомдод, аср, шом ва намози таровиҳ суннатҳои муаккада ба ҳисоб мераванд.

б)  Суннати ғайримуаккада: суннати тайримуаккада ин суннате мебошад, ки ҷаноби Пайғамбар (с), дар ҳаёти худ як-ду маротиба ба ҷо овардааст. Мисли суннати намозҳои аср ва ҷаҳор ракаъат суннати пеш аз намози хуфтан.

Касе, ки суннатҳоро иҷро менамояд, савоб мегирад ва аз пуштибонии ҷаноби Пайғамбар (с), бархурдор мегардад ва касе, ки суннатҳоро иҷро наменамояд аз савоб маҳрум мегардад.

Комментарии