Воҷиб чист?

Воҷиб (Вочиб) – ин ибодатҳое мебошанд, ки иҷрои онҳо ҳукм карда шудааст, вале онҳо ба мисли фарз далели аниқ надоранд. Масалан, хондани намози идҳо, додани садақа дар моҳи Рамазон ва ҳангоми иди қурбон қурбонй кардан.

Ҳамчун иҷрои фарз, касе, ки воҷибро иҷро мекунад савоб мегирад ва касе, ки иҷро намекунад, гунаҳгор мешавад. Касе, ки фарзро мункир мешавад аз Ислом мебарояд, вале касе, ки воҷибро инкор мекунад, аз Ислом намебарояд.

qurboni

Комментарии