ХУДОРО ШУКР МЕГӮЯМ

Чанд рӯз боз Оиша бемор буд ва аз хона баромада натавонист. Сипае, ҳолаш каме беҳтар шуд, вале модараш ҳанӯз аз бистар бархостанашро иҷозат намедод. Вай бояд чанд муддати дигар, реҷаи бистариро риоя мекард ва барои қувват гирифтан хубғизо мехӯрд. Бистари Оиша дар назди тиреза қарор дошт. Рӯзи дароз вай аз тиреза роҳгузаронро мушоҳида мекард, китоб мехонд ва бо падару модараш сӯҳбат мекард. Вале ба ин нигоҳ накарда, вай сахт зиқ мешуд. Майли хӯрданаш гум шуда буд ва доруҳо нафраташро бедор месохтанд.

bemori_2

Дар ин рӯз, баъди нисфирӯзӣ муаллима ба аёдати Оиша омад. Вай хеле хурсанд шуд, зеро ӯ интизори омадани муаллимааш набуд. Муаллима аз пешонии Оиша бӯсид. Дар канори
бистараш биншаст. Пурсид, ки худро чи тавр ҳис мекунад.

Оиша ҷавоб дод, ки тамоман хоҳиши дар бистар хобидан ва доруҳои нафратоварро нӯшидан надорад ва хеле мехоҳад, ки ҳарчӣ зудтар шифо ёбад.

Муаллима сари Оишаро сила намуд ва маслиҳат дод, ки сабр кунад. Оиша ба фикр фурӯ рафт. Маслиҳати муаллима ба ӯ чандон маъқул набуд. Вай аз муаллимааш пурсид:

  • Чаро Аллоҳ Таъоло бемориро ато кард?
  • Барои он ки ту ба қадри саломатиат бираей, сабр кардан ва сипосгузор буданро ёд гирй.
  • Бо табассум ҷавоб дод муаллима.

– Чӣ гуна?- нафаҳмид Оиша.

Муаллима шарҳ дод:

  • Оиша, Оишаи зебои ман, ҳама ҳодиса ва воқеаи ба сари мо омада, барои он рӯй медиҳанд, ки мо чизеро аз онҳо биомӯзем. Беморӣ, ба мо ба қадри саломатӣ расиданро меомӯзад. Гуруснагӣ ба қадри ғизо расиданро меомӯзад. Ташнагӣ моро водор месозад, ки қиммати обро бидонем. Агар ҳамаи инро аз сар нагузаронӣ, қиммати чизеро кӣ дорӣ ҳеҷ намефаҳмӣ.
  • Шумо дуруст мегӯед, муаллима,- маҷбур шуд, ки ба гардан гирад Оиша,- ман ҳам фаҳмидам, ки баъди беморӣ саломатӣ чӣ қадр қиммат аст.
  • Офарин, Оиша,- қиммати он чиро ки дорем, надониста, наметавонем ба касе, ки инро ба мо ато намудааст, сипосгузор бошем. Ба фикрам, пас аз ин ту Аллоҳ таъолоро ба хотири он ки туро чун духтарбачаи сиҳату саломат ба дунё оварда аст, бештар сипосгузорӣ хоҳӣ кард.
  • Бале, шумо дуруст мегӯед,- гуфт Оиша, рост ба чашмони муаллима нигариста,- ман инро дар хотир хоҳам дошт.

Вале, вақте каме фикр кард, ба сараш як фикри дигар пайдо шуд, ки ӯ тоқат накарда пурсид:

  • Муаллима, дар ин сурат, сарватмандон бояд зиёдтар ба Аллоҳ шукргузорӣ кунанд?
  • Фикр кун,- гуфт муаллима-агар ягон инсон нобино бошад, магар розӣ намешавад, ки ҳамаи сарваташро ба хотири дидани олами равшан бидиҳад? Ва ё вай кар бошад, магар розӣ намешавад, ки ҳамаи маблағи худро ба хотири шунидани садоҳои ин дунё сарф бикунад?
  • Албатта!
  • Дар ин сурат, ҳар касе, ки чашмони бино, гӯшҳои шунаво ва пойҳои равон дорад, хеле сарватманд мебошад. Ва дар навбати аввал,  касе, ки ақл дорад, зеро он ба инсон имконияти фикр карданро фароҳам меоварад…
  • Аз ин маълум мешавад, ки ман хеле сарватманд мебошам,- гуфт Оиша.
  • Бале,- тасдиқ кард муаллима,- ту хеле сарватманд ҳастӣ. Ва барои ҳамин, бояд Аллоҳро бештар сипосгузор бошй.

Оиша ваъда дод:

  • Ман дигар шикоят намекунам, муаллима. Бандаи сипосгузори Аллоҳ Таъоло хоҳам шуд.

Муаллима дасти хурдакаки Оишаро гирифт ва аз пешонияш меҳрубонона бӯсид.

– Сиҳат шав, Оиша. Бароят дуо мекунам, ки зудтар шифо ёфта бархезй- афзуд муаллима ҳангоми, хайру хуш бо Оиша.

Комментарии