Зиёфат дар қаср (Ҳикоя)

Буд набуд як подшоҳи хеле сарватманде буд. Ва рӯзе подшоҳ хост, то одамон аз сарват ва бузургиаш бохабар шаванд. Барои ин вай қарор дод, ки қасри зебое бунёд кунад ва онро бо ороишоти пурқиммат зиннат диҳад. Дар натиҷа қаср сохта шуд.

Ӯ фармон дод, дастархонҳои зиёде густуранд ва онҳоро бо ҳар гуна таомҳои лазиз ва нӯшокиҳо биороянд. Сипас, вакили худро барои ба қаср даъват намудани одамон фиристод. Вакил дар баробари даъват, дастури дар қаср чӣ тавр муносибату рафтор кардани меҳмононро низ дошт ва ба шахсони даъватшуда онро фаҳмонид.

Каср зиёфат

Вакили подшоҳ одамонро дар утоқҳои қаср мегардонд. Ӯ ба онҳо он таомҳо ва тӯҳфаҳое, ки подшоҳ барояшон тайёр карда буд, пешкаш намуд. Баъди анҷоми маросими тӯҳфасупорӣ, ба меҳмонон дар бораи подшоҳ нақл карданро оғоз намуд:

«Эй мардум! Подшоҳи мо, соҳиби ин қаср хоҳиш дорад, ки шумо дар бораи ӯ чизҳои бештарро донед. Ва аз ин ҷиҳат ин қаср ва ҳамаи чизе, ки дар он мавҷуд аст, ба шумо нишон дод. Ӯ бо ин зиёфат ва тӯҳфаҳо то чӣ андоза ҳамаи шуморо дӯст доштанашро изҳор намуд. Ва шумо ба ин ҳама аҷру эҷоз бояд бо муҳаббат ва эҳтиром ба ӯ ҷавоб гӯед. Ин тӯҳфаҳои зиёди ба шумо бахшидашуда нишонаи саховат ва меҳрубонии Ӯст. Шумо дар ҷавоби ин ҳама подошу мукофотҳо сипосгузорӣ кунед ва эҳтироми ӯро ба ҷо оред. Дар ҳамаи ашё ва ҷавоҳироти дар ин қаср буда, шумо мӯҳри ин подшоҳро мебинед. Кӯшиш кунед, дар бораи соҳиби ҳамаи ин сарват зиёдтар бидонед ва бузургиву умқи меҳрубониашро бештар бифаҳмед». Бо ин нутқи зебо, вакил кӯшиш намуд меҳмононро бо қаср ва подшоҳ шинос намояд. Баъди ин шиносоӣ, меҳмонон ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд.

Меҳмонони гурӯҳи аввал, ба ҳарфҳои вакил гӯш доданд ва суханҳояшро қабул намуданд. Онҳо даъвати вайро пазируфтанд ва қаноатманд гаштанд. Дар муддати ташрифашон дар қаср, қоидаҳои муқарраркардашударо риоя намуда, хоксорона ва боэҳтиром рафтор намуданд. Онҳо ба подшоҳ барои даъват ба қаср, зиёфат ва тӯҳфаҳои гуногун ташаккуру минатдорӣ изҳор намуданд. Подшоҳ аз рафтори меҳмонони ин гурӯҳ қаноатманд гардид. Аз ин ҷиҳат, вай онҳоро ба қасри боз ҳам зеботар ва пуршукӯҳтар бурд. Ва онҳо дар он ҷо хушбахтона ва бо осоишу сафо абадан зиндагӣ мекарданд.

Меҳмонон аз гурӯҳи дигар ба ҷуз аз хӯрдану ошомидан, ба чизи дигаре таваҷҷӯҳ накарданд. Онҳо ба суханони вакил диққат надоданд. Ҳама гуна нӯшокиҳоеро, ки якҷоя карданашон мамнӯъ буд, якҷоя карда нӯшиданд ва сархуш гардиданд. Онҳо ғавғо ва баҳсу мунозира мекарданд ва ба меҳмонони дигари дарбор халал мерасонданд. Ба ҷои он ки барои таом ва тӯҳфаҳое, ки ба онҳо дода шуда буд, изҳори ташаккур кунанд, доду фарёд зада мегуфтанд, ки ин кам аст ва ба ҳамаи онҳо намерасад. Барои ин рафтор, посбонони қаср онҳоро дастгир намуданд ва ба зиндон партофтанд. Дар он ҷо онҳо ба ҷазои сахт гирифтор шуданд.

Комментарии